БА ЗИМИСТОН ОМОДА МЕШАВЕМ. Дар минтақаи Кӯлоб иншооти барқӣ аз таъмири асосӣ бароварда шуданд
КӮЛОБ, 27.09.2017 /АМИТ «Ховар»/. Ҳоло корҳои омодагӣ баҳри бе мушкилӣ паси сар намудани давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2017-2018 дар ҳамаи корхонаю ташкилот ва муассисаҳо идома доранд. Шабакаҳои барқии минтақаи Кўлоб то имрӯз тамоми иншооти барқиро аз таъмири асосӣ бароварда, миқдори муайяни таҷҳизоти заруриро захира кардаанд. Шабакаҳои барқи минтақаи Кӯлоб ҳамаи шаҳру ноҳияҳои минтақа ва ду ноҳияи минтақаи Раштро бо барқ таъмин менамоянд. Ба хотири бомуваффақият паси сар намудани давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2017-2018 кормандони шабакаҳои барқӣ бо дастгирии Ширкати холдингии “Барқи Тоҷик” трансформатору дигар таҷҳизоти барқиро дар анборҳо захира намуда, зеристгоҳ ва иншооти барқии дар тавозунашон бударо таъмир доранд. Ба гуфти масъулин, онҳо имсол корҳои таъмириро нисбат ба солҳои пешин барвақттар оғоз намуда, бо дастрасӣ ба қисмҳои эҳтиётӣ тавонистанд 90%-и зеристгоҳҳоро барои фаъолияти мунтазам омода созанд.
Дар шаҳри Кӯлоб зеристгоҳи нав ба истифода дода шуд, ки талафоти барқро коҳиш ва сарбории зеристгоҳҳоро кам намуд. Айни замон зеристгоҳи Хатлон, ки бо муосиртарин таҷҳизоти соҳавӣ муҷаҳҳаз шуда, аз ҷониби мутахассисони ҷавон идора мешавад, аҳолиро бо барқи хушсифат таъмин менамояд.
Бино ба иттилои кормандони шабакаҳои барқи минтақаи Кӯлоб, ҳоло корҳои таъмирӣ ва омодагӣ ба тирамоҳу зимистон идома доранд. Дар ин давра навбатдории шабонарӯзӣ, бригадаҳои иловагӣ ташкил карда шуда, сокинон бо барқ таъмин мегарданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад






