БА ЗИМИСТОН ОМОДА МЕШАВЕМ. Дар вилояти Суғд 102 нуқтаи фурӯши ангишт ва 406 нуқтаи гази моеъ ташкил гардид
ХУҶАНД, 26.09.2017. /АМИТ «Ховар»/. Баҳри иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти вилоят барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2017-2018» аз ҷониби сохторҳои гуногуни хоҷагии халқи вилояти Суғд корҳои омодагӣ идома доранд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» мудири шуъбаи энергетика ва саноати Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят Озифхон Шарифзода иттилоъ дод, барои иҷрои дастури мазкур ситоди вилоятӣ таъсис шудааст. Баҳри дастрасии саривақтии сокинон ба маводи сӯхт дар миқёси вилоят 102 нуқтаи фурӯши ангишт ва 406 нуқтаи фурӯши гази моеъ фаъолият доранд. Ҳамчунин дар давоми 8 моҳи соли равон дар конҳои ангишти вилояти Суғд 875,2 ҳазор тонна ангишт истихроҷ карда шуда, аз ҷониби коргоҳҳои ангиштканӣ бо ташкилоту муассисаҳо барои дастрас намудани ангишт шартнома баста шудааст.
Бо мақсади бо гармӣ таъмин намудани муассисаҳои соҳаи маориф, тандурустӣ ва фарҳанг, аз ҳисоби буҷети маҳаллии шаҳру ноҳияҳо барои барқарор намудани дегхонаҳои аз фаъолият бозмонда дар маҷмӯъ 3474,6 ҳазор сомонӣ масраф гардидааст. То 5 сентябри соли равон 40 шабакаи гармидиҳии марказонидаи муассисаҳои тандурустии вилоят ва 255 дегхона дар муассисаҳои таълимии вилоят дар ҳолати корӣ қарор доранд.
Ба гуфти Озифхон Шарифзода, ғайр аз ин, баҳри таъмин намудани ташкилоту муассисаҳои буҷетии шаҳру ноҳияҳои субвенсионии вилоят бо ангишт ва ҳезум, чун Истиқлол, Ашт, Деваштич, Шаҳристон ва Кӯҳистони Мастчоҳ, аз буҷаи вилоятӣ 1 миллиону 346 ҳазору 091 сомонӣ ҷудо гардидааст. Умуман, барои пардохти маблағи ангишт аз ҳисоби буҷети шаҳру ноҳияҳо 6,7 млн. сомонӣ пешбинӣ гардидааст.
Ҳоло то 18 сентябри соли равон дар муассисаҳои соҳаи иҷтимоӣ, маориф 12354,1 тонна (100,8%) ангишт ва 6194 м3 (100,1%)ҳезум, тандурустӣ — 3494 тонна (99,5%) ангишт ва 1327 м3 (88%) ҳезум ва муассисаҳои соҳаи фарҳанги вилоят 174,4 тонна (88%) ангишт ва 164,5 м3(87%) ҳезум захира гардида, ҳамзамон дар муассисаҳои соҳаи маориф 628 адад ва тандурустӣ 251 адад генераторҳои барқӣ низ омода карда шудаанд.
Ба иттилои манбаъ, то 5 сентябри соли равон дар муассисаҳои давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди вилоят низ захираи маводи зиддилағзиш 82 фоизро ташкил дода, дар 14 муассисаи роҳдории шаҳру ноҳияҳо омодасозии 124 адад техникаи роҳдорӣ барои фаъолият дар мавсими тирамоҳу зимистон ба нақша гирифта шудааст.
Ҳамчунин ҷиҳати фаъолияти мунтазам ва самарабахши низомҳои барқӣ дар давраи тирамоҳу зимистон аз ҷониби шабакаҳои барқии шаҳру ноҳияҳои вилоят низ таъмири истгоҳу зеристгоҳҳои барқӣ идома дорад.








Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ мизи гирд баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар ноҳияи Роштқалъа корҳои биотехникӣ идома доранд
Дар Ҳисор муоинаи техникаҳои кишоварзӣ ва омодагии онҳо ба мавсими кишт гузаронида шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад






