Бинои нави дафтари Котиботи байниидоравӣ оид ба масъалаҳои татбиқи «Стратегияи миллии идора намудани сарҳад» ба истифода дода шуд
ДУШАНБЕ, 14.09.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз бинои нави дафтари Котиботи байниидоравӣ оид ба масъалаҳои татбиқи «Стратегияи миллии идора намудани сарҳад» ба истифода дода шуд.
Тавре ба хабарнигори АМИТ «Ховар» сардори маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ Муҳаммад Улуғхоҷаев иттилоъ дод, зимни ифтитоҳи бино муовини якуми Раиси КДАМ ҶТ генерал-майор Мансур Умаров ҳамчун роҳбари гурӯҳи ҳамоҳангсози миллӣ оид ба масъалаҳои татбиқи Стратегия иброз намуд, ки «Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таъмини амнияти кишвар ва сулҳу субот дар Осиёи Марказӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамояд. Аз ин лиҳоз таҳким ва муҳофизати сарҳади давлатӣ вазифаи асосӣ ва аввалиндараҷаи ҳар яки мо ба шумор меравад».
Зикр гардид, ки Стратегияи мазкур дар доираи сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи амнияти миллӣ, муносибатҳои байналмилалӣ ва иқтисодӣ таҳия шуда, ҷиҳати таъмини сулҳу субот, амнияти давлат ва шаҳрвандони он, дастгирии муносибатҳои сулҳомез ва дӯстона бо дигар давлатҳо, инчунин сода намудани тиҷорати наздисарҳадӣ равона гардидааст.
Бино ба гуфтаи Мансур Умаров, дар тӯли 7 соли амали Стратегияи миллӣ дар ҳамкорӣ бо давлатҳои маблағгузор ва ташкилотҳои байналмилалӣ дар таҳкими бехатарӣ ва мустаҳкам намудани сарҳади Ҷумҳурии Тоҷикистон як зумра тадбирҳои амалӣ андешида шуданд.
Дар ҳамоиш намояндагони сохторҳои давлатӣ, мақомоти қудратӣ, корпусҳои дипломатӣ, ташкилотҳои байнамилалӣ ва аъзои Гурӯҳи ҳамоҳангсоз иштирок доштанд.
Коршиносони байналмилалӣ аз давраи таҳия ва қабул гардидани Стратегия ёдовар шуда, ҳамзамон аз таассуроти худ ва натиҷаҳои сафар ба минтақаҳои сарҳадии вилоятҳои Суғд, Хатлон ва ВМКБ оид ба дастовардҳои Ҳукумати кишвар дар самти мустаҳкам намудани сарҳад, сохтмони гузаргоҳҳо, дидбонгоҳҳо ва дигар иншооти зарурии сарҳад маълумот доданд. Онҳо корҳои анҷомдодаро яке аз масъалаҳои муҳими иҷрои Стратегия ва нақшаи амалисозии он зикр намуда, пурра ба анҷом расонидани онро муҳим арзёбӣ карданд.
Ёдовар мешавем, ки моҳи апрели соли 2010 бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Стратегияи миллии идора намудани сарҳад» ва нақшаи иҷрои он бо мақсади такмил додани чораҳо оид ба муҳофизати сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардида буд.








Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе






