БОНУВОН ДАР ТИҶОРАТ. Шумораи заноне, ки роҳбари хоҷагиҳои деҳқониянд, дар мамлакат 6 маротиба афзудааст
ДУШАНБЕ, 26.09.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз дар шаҳри Душанбе бахшида ба ифтитоҳи Барномаи «Бонувон дар тиҷорат» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид. Ҳамоиши мазкур бо ибтикори Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамбастагӣ бо Бонки аврупоии таҷдид ва рушд баргузор шуда, дар он намояндагони мақомоти давлатӣ, бонувони соҳибкор, ташкилотҳои хориҷӣ ва шарикони рушд, ки бештарашон аъзои гурӯҳи кории байниидоравӣ дар назди Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ мебошанд, иштирок намуданд.
Зикр шуд, ки саҳми бонувони тоҷик дар шумораи умумии субъектҳои соҳибкории мамлакат имрӯз 27 фоизро ташкил медиҳад ва бештари занон ба соҳибкории инфиродӣ машғул мебошанд.
Тавре мушовири калони иқтисодии котиботи Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ Манучеҳра Маҷонова зикр намуд, «ҳамоиши имрӯза ба ифтитоҳи Барномаи «Бонувон дар тиҷорат» бахшида шуда, аз ҷониби Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дастгирӣ карда мешавад. Бонки аврупоии таҷдид ва рушд яке аз шарикони боэътимоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад ва дар мамлакат яке аз самтҳои муҳими ислоҳотро дастгирӣ менамояд».
Дар ҳамоиш гуфта шуд, ки имрӯз бонуи тоҷик дар баробари дигар самтҳои фаъолият соҳибкори муваффақ ҳам мебошад. Ҳамзамон дар кишвар рӯз ба рӯз шумораи занони соҳибкоре, ки роҳбарии хоҷагиҳои деҳқониро бар уҳда доранд, зиёд мешавад. Дар муқоиса ба соли 2010 имрӯз шумораи роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ дар мамлакат 6 маротиба афзудааст. Ин рақам 25 фоизи тамоми хоҷагиҳои деҳқонии фаъолияткунандаро ташкил медиҳад.
Бояд гуфт, барномае, ки дар ин ҳамоиш ифтитоҳ гардид, ба масъалаи тавсияи дастрасии бонувон ба воситаҳои молиявӣ бахшида шуда буд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар ноҳияи Роштқалъа корҳои биотехникӣ идома доранд
Дар Ҳисор муоинаи техникаҳои кишоварзӣ ва омодагии онҳо ба мавсими кишт гузаронида шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар «Саноатсодиротбонк» чорабинии тантанавӣ ба ифтихори таҷлили Рӯзи Модар баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад






