БОЗИҲОИ ОСИЁ-2017: шумораи медалҳои варзишгарони тоҷик ба 51 адад расид
ДУШАНБЕ, 27.09.2017 /АМИТ «Ховар»/. Варзишгарони тоҷик дар рӯзи ёздаҳуми 5-умин Бозиҳои Осиё дар иншооти пӯшида ва ҳунарҳои размӣ соҳиби 6 медал – 3 нуқра ва 3 биринҷӣ шуданд. Дар ин бора намояндаи АМИТ «Ховар» Тоҳир Саид, ки дар шаҳри Ашқободи Туркманистон дар макони Бозиҳои Осиё қарор дорад, ба мо хабар дод.
Дар рӯзи ёздаҳуми мусобиқот медалҳои нуқраро аз намуди самбо Зафар Олимшоев дар вазни -82 кг, аз намуди кикбоксинг Зуҳро Холова дар вазни -52 кг ва Фарҳод Расулов дар вазни -74 кг сазовор шуданд. Се медали биринҷиро аз намуди самбо Нозимҷон Охиров дар вазни -62 кг, аз намуди гӯштини юнонӣ-римӣ Суҳроб Абдулҳаев дар вазни -80 кг ва Мирзоамин Сафаров дар вазни -98 кг ба даст оварданд.
Ёдовар мешавем, ки шумораи медалҳои Тоҷикистон ба 51 адад – 3 тилло,
14 нуқра ва 34 биринҷӣ расид. Тоҷикистон дар ҷадвали ҳисоби медалҳо аз рӯи сифат миёни 65 дастаи иштирокчӣ ҷои 17-умро ишғол намуда, аз рӯи шумораи медалҳо дар ҷои 8-ум қарор дорад.
Туркманистон бо 244 медал, аз ҷумла 89 тилло дар ҷои аввал аст. Чин, ки 93 медал, аз ҷумла 40 медали тилло ба даст овардааст, дар ҷои дуюм, Эрон бо 115 медал, аз ҷумла 34 медали тилло дар ҷои сеюм қарор доранд.
Дар маҷмӯъ, то имрӯз варзишгарони 36 даста (35 давлат) сазовори медали бозиҳо гардидаанд.








Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Мусобиқаи кушод оид ба гӯштини тарзи озод байни наврасон оғоз гардид
Наврасони Тоҷикистон баъди ғалаба дар дивизиони «D» дар Боку ба Ватан баргаштанд
Президенти Кумитаи паралимпии Осиё ба натиҷаи иштироки дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои паралимпии Осиё баҳои баланд дод
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бозии дуюми дӯстонаро бо Қатар мусовӣ анҷом дод






