БОЗИҲОИ ОСИЁ-2017 АНҶОМ ЁФТАНД. Варзишгарони Тоҷикистон бо 51 медал бармегарданд

Сентябрь 28, 2017 10:54

ДУШАНБЕ, 28.09.2017 /АМИТ «Ховар»/. 27 сентябр 5-умин Бозиҳои Осиё дар иншооти пӯшида ва ҳунарҳои размӣ, ки 17 сентябр дар шаҳри Ашқободи Туркманистон шурӯъ шуда буданд, ҷамъбаст гардиданд. Тоҷикистон дар ин бозиҳо соҳиби 51 медал (3 тилло, 14 нуқра, 34 биринҷӣ) шуд.

Тавре аз маркази матбуоти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон хабар доданд, воқеан дар таърихи варзиши кишвар бо дастгириву ҳидоятҳои Пешвои миллат, Президенти ҷумҳурӣ, Президенти Кумитаи миллии олимпӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори аввал дар чунин мусобиқаи қитъавӣ Тоҷикистон бо ҳайати калон – 170 нафар, аз ҷумла, 125 нафар варзишгар ширкат намуд. Дар маросими кушодашавии бозиҳо, ки шоми 17 сентябр доир гашт, дастаи Тоҷикистон яке аз калонтаринҳо ва зеботаринҳо ҳисобида шуд.

Варзишгарони мо ба бозиҳо омодагии хуб дида буданд. Бо иқдоми Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати ҷумҳурӣ дастаҳои мунтахаб оид ба намудҳои варзиш ба ҷамъомадҳои таълимию тамринӣ фаро гирифта шуданд, ки натиҷаашро дар ин бозиҳо дидем.

5-умин Бозиҳои Осиё дар иншооти пӯшида ва ҳунарҳои размӣ аз рӯи 21 намуди варзиш – аспсаворӣ, баскетбол (3х3), билярд, боулинг, вазнбардорӣ, варзиши сабук, велосипедронӣ, гӯштини анъанавии туркманӣ, гӯштини камарбандӣ, гӯштини озод ва юнонӣ-римӣ, кикбоксинг, кураш, муай тай, рақси варзишӣ, самбо, таэквондо, теннис, футзал, ҷиу-ҷитсу, шиноварӣ ва шоҳмот баргузор шуданд, ки варзишгарони мо дар 15 намуд – баскетбол (3х3), вазнбардорӣ, варзиши сабук, велосипедронӣ, гӯштини анъанавии туркманӣ, гӯштини камарбандӣ, гӯштини озод ва юнонӣ-римӣ, кикбоксинг, кураш, муай тай, самбо, таэквондо, ҷиу-ҷитсу, шиноварӣ ва шоҳмот ширкат намуданд.

Варзишгарони мо дар намуди самбо муваффақияти бештар доштанд. Аз 9 нафар, ки дар самбо рақобат карданд, 8 нафар соҳиби медал- 2 тилло, 3 нуқра ва 3 медали биринҷӣ шуданд. Иштироки варзишгарони мо дар намуди гӯштини камарбандӣ низ қобили таҳсин аст. Варзишгарони мо дар ин намуди гӯштин сазовори 27 медал – 6 нуқра ва 21 биринҷӣ гардиданд.

Аз рӯи намудҳои олимпии варзиш варзишгарони мо сазовори 2 медали нуқра (Манучеҳр Неъматов дар намуди таэквондо, Искандари Рустам дар гӯштини озод) ва 2 биринҷӣ (Суҳроб Абдулҳаев, Мирзоамин Сафаров дар намуди гӯштини юнонӣ-римӣ) шуданд.

Тоҷикистон бо 51 медал – 3 тилло, 14 нуқра ва 34 биринҷӣ дар ҷадвали ҳисоби медалҳо аз рӯи сифат миёни 65 дастаи иштирокчӣ ҷои 17-умро ишғол мекунад. Аз рӯи шумораи медалҳо ҷумҳурии мо дар ҷои 8-ум аст.

Туркманистон бо 245 медал, аз ҷумла 89 тилло ҷои аввалро ишғол кард. Чин, ки 97 медал, аз ҷумла 42 медали тилло ба даст овард, дар ҷои дуюм, Эрон бо 118 медал, аз ҷумла 36 тилло дар ҷои сеюм қарор гирифт. Дар маҷмӯъ, варзишгарони 36 даста (35 давлат, дастаи паноҳандагон зери парчами Шӯрои олимпии Осиё) сазовори медали бозиҳо гардиданд.

Шоми 27 сентябр дар варзишгоҳи олимпии Ашқобод маросими ботантанаи пӯшидашавии бозиҳо баргузор гардид.

Ёдовар мешавем, ки 4-умин Бозиҳои Осиё дар иншооти пӯшида ва ҳунарҳои размӣ соли 2013 дар Инчони Кореяи Ҷанубӣ баргузор шуда буд. Тоҷикистонро дар он бозиҳо 23 варзишгар аз рӯи 5 намуди варзиш – кураш, кикбоксинг, муай тай, боулинг ва варзиши электронӣ намояндагӣ карда, соҳиби 4 медал – 1 тилло, 2 нуқра, 1 биринҷӣ – гардида буданд.

Сентябрь 28, 2017 10:54

Хабарҳои дигари ин бахш

Аъзои дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бар ҳамсолонашон аз Фиҷи пирӯз шуданд
«KING’S CUP 2026». Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоии мусобиқа бо тими яккачини Умон бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал бозии дӯстонаи дуюмро бо Узбекистон мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар оғози Мусобиқаи «Рanda Сup-2026» бо Кореяи Ҷанубӣ ҳисоби бозиро мусовӣ кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад