Charities Aid Foundation мавқеи Тоҷикистонро дар Шохиси ҷаҳонии кумакҳои хайрия 27 зина беҳтар нишон дод

Сентябрь 6, 2017 11:14

ДУШАНБЕ, 06.09.2017 /АМИТ «Ховар»/. Бунёди кумакҳои хайрия (Charities Aid Foundation) дар раддабандии нави Шохиси ҷаҳонии кумакҳои хайрия мавқеи Тоҷикистонро 27 зина беҳтар нишон додааст.

Бунёди кумакҳои хайрия (Charities Aid Foundation) таҳиякунандаи рейтинг ба шумор рафта, ин маълумотро 5 сентябр дар ҳисоботи худ нашр намуд. Тоҷикистон дар ин раддабандӣ миёни 139 кишвари ҷаҳон мақоми 50-умро касб мекунад.

Тибқи раддабандӣ, мизони хайрхоҳӣ миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ аз ҳама беҳтар дар Ӯзбекистон ва Тоҷикистон будааст.  Ӯзбекистон дар зинаи 38-ум, Туркманистон дар ҷойи -69, Қирғизистон — 85 ва Қазоқистон дар мақоми 87-ум қарор доранд.

Раддабандии Бунёди кумакҳои хайрия бар асоси се меъёр — додани кумаки молӣ, мадади беғаразона ва ёрӣ ба бегонаҳо таҳия мешавад.

Бунёди кумакҳои хайрия (Charities Aid Foundation), қароргоҳаш дар Британияи Кабир, бузургтарин маркази таҳқиқотӣ аст, ки хайрхоҳиро миёни кишварҳои ҷаҳон шурӯъ аз соли 2010 таҳқиқ ва раддабандӣ менамояд.

Сентябрь 6, 2017 11:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Тарофаи мобилӣ – мувофиқи талаботи шахсии шумо
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар вазоратҳои корҳои дохилӣ, адлия, Суди Олӣ ва Хадамоти гумрук нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
12 феврал дар вазоратҳои корҳои дохилӣ, адлия, Суди Олӣ ва Хадамоти гумрук нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии пешгирии экстремизми хушунатомез дар шаҳри Турсунзода ҳамоиш баргузор гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии занон ва духтарон дар соҳаи илм конфронси байналмилалӣ доир гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳои Тоҷикистон нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Дар шаҳри Бӯстон трансформатори муосир насб гардид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон факултети зеҳни сунъӣ ва технологияҳои нав таъсис дода шуд
11 феврал дар якчанд вазорату идораҳои Тоҷикистон нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 дар ноҳияи Шаҳринав 947 нафар бо ҷойи кор таъмин гардид