Дар беморхонаи шаҳри Хоруғ шуъбаи гемодиализ кушода шуд
ХОРУҒ, 11.09.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар рӯзҳои таҷлили 26-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кумаки Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар беморхонаи шаҳри Хоруғ шуъбаи гемодиализ кушода шуд.
Ба иттилои сардухтури беморхонаи мазкур Саидбек Давлтабеков, шуъба бо дастгоҳи гемодиализатор, ки 570 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, таъмин карда шудааст.
Ба иттилои масъулин, чунин дастгоҳ дар ҷумҳурӣ ҳамагӣ ду ададро ташкил медиҳад. Вазифаи асосии он тоза кардани хуни беморони мубтало ба дарди шадиди гурда мебошад.
Зимни ифтитоҳи шуъбаи гемодиализ Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Шодихон Ҷамшед аз пешрафти соҳаи тандурустӣ дар даврони 26 соли истиқлолият ёдовар шуда, баён дошт, ки дар ин муҳлати кӯтоҳ дар вилоят 38 лоиҳаи хурду бузург маблағгузорӣ гардиданд. Ҳоло сохтмони бинои беморхонаи рӯҳӣ ва диспансери наркологӣ дар ноҳияи Роштқалъа, беморхонаи чорошёна дар ноҳияи Шуғнон бо маблағгузории Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии назди Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон идома дорад ва дар назар аст, ки то охири ҳамин сол ин биноҳо мавриди истифода қарор гиранд.








Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе






