Дар Душанбе ду иншооти нав ба истифода дода шуд

Сентябрь 20, 2017 18:42

ДУШАНБЕ, 20.09.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дирӯз ба муносибати 26-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ пули роҳи оҳан ва автомобилгард, воқеъ дар буриши кӯчаи Моёншо Назаршоев ва Аҳмади Дониши ноҳияи Шоҳмансур пас аз навсозӣ ва гулгашти назди истгоҳи Роҳи оҳан то маҷмааи меъмории муҷассамаи Садриддин Айнӣ, воқеъ дар хиёбони Рӯдакӣ расман мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд.

Тавре аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, пули роҳи оҳан ва автомобилгард аз ҷониби КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» навсозӣ ва таъмиру тармим гардидааст. Тарҳи наву лоиҳаи навсозии он аз ҷониби ҶДММ «Кул-дизайн» ва ҶДММ «Инвест лоиҳа» таҳия гардида, корҳои сохтмонӣ ва васлу насби қисматҳои он аз ҷониби ҶДММ «Строймет» ва ҶДММ «Машҳад Коло» анҷом дода шудаанд. Маблағи умумии лоиҳа  беш аз як миллиону чорсад ҳазор сомониро ташкил медиҳад.

Тибқи лоиҳаи навсозии пули мазкур, ду ҷониби роҳ бо панҷараҳои мунаққаш панҷарабандӣ гардида, тамоми қисмҳои ороишии он бо чароғакҳо зиннат дода шудаанд. Қисмати поёнии пул таъмиру тармим гардида, тамоми аломатҳои бетонии он бо маводи ороишии сатҳӣ рӯйпӯш шудаанд.

Бо навсозӣ гардидани пули роҳи оҳан ва автомобилгард ин мавзеъ чароғон гардида, роҳҳои пиёдагарди ду ҷониби кӯчаи Аҳмади Дониш бозсозӣ ва барои равуои сокинон мувофиқ гардонда шуданд.

Гулгашти назди истгоҳи Роҳи оҳан то маҷмааи меъмории муҷассамаи Садриддин Айнӣ низ аз ҷониби Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон» пурра навсозӣ гардида, он дар масоҳати наздики 14 ҳазор метри мураббаъ доман паҳн кардааст.

Лоиҳаи навсозии гулгашт аз ҷониби ҶДММ «Голддизайн студио» омода гардида, корҳои сохтмониро ҶДММ «Озодӣ-Ка» ба анҷом расонидааст. Маблағи умумии лоиҳа 7,8 миллион сомониро дар бар мегирад.

Масъулин иттилоъ доданд, ки дар доираи корҳои навсозӣ гулгашти мазкур комилан бозсозӣ шуда, дар ҳудуди он иншооти гуногуни хизматрасонӣ, истироҳатӣ ва фарҳангию фароғатӣ бунёд ёфтаанд. Аз ҷумла, дар маркази гулгашт як иншооти истироҳатӣ ва фарҳангию фароғатии муҷаҳҳаз бо тамоми шароит, майдончаи тафреҳӣ ва иншооти хизматрасонии санитарию ороишӣ бунёд шудааст.

Дар ҳудуди гулгашт фаввораҳои ҳаракаткунандаи мусиқавӣ бо таҷҳизоти равшанидиҳанда сохта шудаанд. 4 фаввора, ки қаблан дар ҳолати ногувор қарор доштанд, таҷдид ёфта, пурра бо сангҳои мармар ва хоро дар масоҳати 1350 метри мураббаъ ороиш дода шудаанд. Худи фаввораҳои гулгашт бо чароғакҳои рангин насбу васл шуда, тавассути барномаи махсус идора карда мешаванд.

Дар ҳудуди гулгашт дар масоҳати 6 ҳазору 780 метри мураббаъ роҳравҳо бунёд ва сангфарш гардида, майдони беш аз 6 ҳазор метри мураббаъ ба сабзазор табдил дода шудааст.

Инчунин 233 адад ниҳоли дарахтони ороишию сояафкан ҳусни онро боз ҳам дилработар мегардонанд. Низоми мукаммали муосири обёрӣ бо 600 адад обпошакҳо, ки дар ин мавзеъ фароҳам оварда шудаанд, баҳри ҳамеша сабзу хуррам нигоҳ доштани чаманзори гулгашт мусоид хоҳанд буд.

Тамоми ҳудуди гулгашт, роҳрав ва тимсолҳои ороишии гулгашт бо истифода аз 480 адад сутунчароғ ва чароғакҳои гуногуни ороишӣ чароғон гардидаанд.

Дар боғи мазкур барои 650 нафар ҷойи нишаст омода гашта, 40 баландгӯяк, ки ба хати радиоӣ пайваст мебошанд, ба истироҳаткунандагон хизмат мерасонанд.

Гулгашти мазкур аз пасманзари муҷассамаи Садриддин Айнӣ то буриши кӯчаи Моёншо Назаршоев бо хиёбони Рӯдакӣ дар масофаи 400 метр тӯл мекашад ва аз ду ҷониб бо панҷараҳои мунаққаши гулдор оро дода шудааст.

Зимни шиносоӣ бо иншооти истироҳатӣ ва фарҳангию фароғатӣ Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба сифати корҳои анҷом додашуда баҳои баланд дода, масъулинро вазифадор намуд, ки ба сокинони пойтахт баҳри фароҳам овардани зиндагии шоиста аз тамоми имконияту захираҳо пурсамар истифода намоянд.

Дар ҷараёни боздид аз ин иншоот Раиси шаҳри Душанбе таваҷҷуҳи масъулинро ба боз ҳам ободу зебо гардонидани пойтахт ва ба меъёрҳои ҷаҳонии шаҳрсозӣ расондани он ҷалб намуд.

Рохи охагн Фаввора

Сентябрь 20, 2017 18:42

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳамкорӣ дар самти сайёҳӣ байни шаҳрҳои Душанбе ва Шероз тақвият меёбад
Дар Душанбе аввалин маротиба барои ҳаракати дучарха роҳи алоҳида сохта мешавад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2024 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар шаҳри Душанбе ба 5,2 миллиард сомонӣ баробар гардид
Корхонаҳои саноатии ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт ба маблағи беш аз 1 миллиард сомонӣ маҳсулот истеҳсол намуданд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар ноҳияи Сино 7 коргоҳу корхонаи саноатӣ бунёд мешавад
«НАВРӮЗИ ДУШАНБЕ – МЕҲВАРИ РОБИТАҲОИ ФАРҲАНГИЮ САЙЁҲӢ». Таҳти ин унвон 20 март дар пойтахти Тоҷикистон Форуми IV байналмилалӣ баргузор мешавад
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Мусобиқаи кушоди варзишӣ оид ба волейбол байни духтарон доир мешавад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Роҳи автомобилгарди маҳаллаҳои Чимтеппа, Дарёобод ва Сарикиштии ноҳияи Фирдавсӣ пурра таъмир гардид
Оид ба рушди бонизоми зеҳни сунъӣ конференсияи илмӣ-назариявӣ доир гардид
Олимпиадаи V даставии хонандагони муассисаҳои шаҳри Душанбе аз фанни технология баргузор мегардад
Дар Душанбе Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи баланд таҷлил мешавад
Доир ба татбиқи «Ҷадвали тақвими чорабиниҳои Иди байналмилалии Наврӯз дар шаҳри Душанбе барои соли 2025» ҷаласа баргузор шуд

Маводҳои таҳлилӣ