Дар Душанбе машваратҳои навбатии байниҳукуматӣ миёни Тоҷикистону Германия баргузор мегарданд
ДУШАНБЕ, 28.09.2017 /АМИТ «Ховар»/. Сафири Тоҷикистон дар Германия Маликшо Неъматов дар доираи сафари кории худ ба шаҳри Франкфурти соҳили Майн ба дафтари марказии Бонки рушди Германия (KfW) ташриф оварда, бо ваколатдори минтақавии Бонки мазкур оид ба кишварҳои Осиёи Марказӣ, Қафқоз ва Аврупои шарқӣ Мишаел Эверс мулоқоти корӣ анҷом дод.
Тавре аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, дар мулоқот ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистону Германия дар доираи Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории молиявӣ-техникӣ ва ҷараёни иҷрои лоиҳаҳое, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сармояи Германия маблағгузорӣ мегарданд, мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Ҳамзамон ҷонибҳо дар ҷараёни суҳбат оид ба масъалаҳои вобаста ба омодагӣ ба машваратҳои навбатии байниҳукуматӣ миёни Тоҷикистону Германия, ки моҳи ноябри соли 2017 дар шаҳри Душанбе баргузор мешаванд, табодули назар карданд.
Дар мулоқот инчунин Курт Штрассер, роҳбари кишварии Раёсати Осиёи Марказии Бонки рушди Германия ширкат намуд








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






