Дар Файзободи Афғонистон 26-умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил карданд
ДУШАНБЕ, 12.09.2017 /АМИТ «Ховар»/. Маросими ҷашни 26-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки як зумра роҳбарони вилояти Бадахшони Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, тоҷикони муқими ҳавзаи консулӣ, аъзои Анҷумани форсизабонон ва тоҷикони ҷаҳон, намояндагони ташкилотҳои байналмилалӣ, аҳли ҳунар ва фарҳанг дар бинои Консулгарӣ баргузор гардид.
Дар ин бора ба АМИТ “Ховар” аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Дар маҳфил баъди садо додани суруди миллӣ дар бораи дастовардҳои замони Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ростои эҳёи давлатдории муосири тоҷикон ба ҳозирин маълумоти муфассал пешниҳод гардид.
Дар бахши дигари суханронӣ муносибатҳои рӯ ба рушди Тоҷикистон ва Афғонистон бозтоб ёфта, изҳори назар шуд, ки “Президенти Тоҷикистон дар кулли суханрониҳояшон таъкид менамоянд, ки самти ҳамкорӣ бо Афғонистон дар феҳрасти авлавиятҳои сиёсати хориҷии кишвари мо қарор дорад ва зербинои онро усули ҳамсоягии нек ташкил медиҳад”.
Дар маҳфил волии Бадахшон Аҳмад Файсали Бегзод ва намояндаи Вазорати корҳои хориҷии ҶИА дар вилоят сухан гуфтанд.
Дар ҷараёни баргузории ҷашн намоиши ҳунарҳои миллӣ ва “Гӯшаи Тоҷикистон” бо пешниҳоди китобҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.








Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе






