Дар Гулистон ҷаласаи 15-уми Шӯрои байнидавлатии ИДМ оид ба бехатарии саноатӣ оғоз гардид
ДУШАНБЕ, 14.09.2017. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд ҷаласаи 15-уми Шӯрои байнидавлатии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) оид ба бехатарии саноатӣ оғоз гардид.
Меҳрафзун Давлатзода, мудири бахши умумии Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кўҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, ки ба ҳайати Шӯро Тоҷикистон, Арманистон, Беларус, Молдова, Озарбойҷон, Россия, Қазоқистон, Қирғизистон ва Украина шомил буда, дар ҷаласаи он масъалаҳо оид ба таҳкими ҳамкорӣ байни сохторҳои марбут ба бехатарии саноати ин кишварҳо мавриди баррасӣ қарор дода мешаванд.
«Барои иштирок дар ҷаласаи навбатии Шӯрои байнидавлатии ИДМ намояндагони Ҷумҳурии Ўзбекистон даъват шудаанд, ки ин аз густариши ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Ўзбекистон ва кишварҳои аъзо гувоҳӣ медиҳад»,-хабар дод манбаъ ва илова намуд, ки «ҳалли масъалаҳои марбут ба бехатарии саноатӣ ва таъмини кафолати амнияти ҳаёт ва саломатии кормандоне, ки дар иншооти хатарнок фаъолият менамоянд, инчунин ҳифзи аҳолӣ ва муҳити зист аз садамаҳои техногенӣ бо назардошти истифодаи самараноки таҷриба ва дастовардҳои илмию техникӣ ҳадафи асосии баргузории Шӯро мебошад».
Дар назар аст, ки дар Шўрои мазкур миёни Хадамоти федералӣ, экологӣ-технологӣ ва назорати атомии Федератсияи Россия ва Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кўҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи танзими бехатарии саноатӣ ба имзо расонида шавад.
Ёдовар мешавем, ки кори ҷаласаи 15-уми Шӯрои байнидавлатии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) оид ба бехатарии саноатӣ пагоҳ, 15 сентябр идома ёфта, пас аз фарҷоми он меҳмонон аз мавзеъҳои таърихӣ ва корхонаҳои саноатии вилояти Суғд боздид ба амал меоранд.








Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе






