Дар мақомоти худидоракунии шаҳраку деҳот дафтари электронии хоҷагии хонавода ҷорӣ мегардад

Сентябрь 15, 2017 10:43

ДУШАНБЕ, 15.09.2017 /АМИТ «Ховар»/. Гузариш ба ҳисоботи электронии оморӣ тақозои замон буда, то ба имрӯз чанде аз  ҳисоботи оморӣ, аз қабили ҳисобот оид ба меҳнат, саноат, хизматрасонии пулакӣ ба аҳолӣ ва савдои чакана пурра ба тариқи электронӣ пешниҳод мешавад.

Тавре ба хабарнигори АМИТ «Ховар» аз Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, қадами минбаъда дар ин ҷода роҳандозии дафтари электронии хоҷагии хонавода дар мақомоти худидоракунии шаҳраку деҳот мебошад.

Ба иттилои манбаъ, Агентии омор барои амалӣ намудани ин нақша  шаҳри Нораки вилояти Хатлон ва ноҳияи Зафарободи вилояти Суғдро ҳамчун минтақаи пилотӣ (таҷрибавӣ) интихоб намуда, барои дохил намудани маълумоти дафтари хоҷагӣ барномаи махсус таҳия намуд.

Бо мақсади ҷорӣ намудани дафтари электронии хоҷагии хонавода дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Зафаробод бо иштироки котибон ва шахсони масъули мақомоти худидоракунии шаҳраку деҳоти ноҳия машварати омӯзишӣ доир гардид.

омор -Дар кори он муовини директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Қиёмиддин Давлатзода ва дигар кормандони масъули ин ниҳод иштирок намуда, доир ба масъалаи ҷорӣ намудани дафтари электронии хоҷагиҳои хонаводаҳои шаҳраку деҳот сухан гуфтанд.

Сардори раёсати барномасозии МД «Маркази кулли ҳисоббарорӣ»-и Агентии омор  Ф. Мирпоччоев иштирокдоронро бо барнома, тарзи ворид намудани маълумот, омода намудани хазинаи маълумот, гирифтани маълумот дар асоси дархости истифодабарандагони маълумоти дафтарҳои баҳисобгирии хоҷагиҳо шинос намуд.

Бояд зикр намуд, ки тафсири электронии барномаи мазкур дар доираи татбиқи Лоиҳаи «Стратегияи миллии рушди омор» аз ҷониби ширкати маҳаллии пудратчии Лоиҳа «CAIConsғlting» омода гардида, барои санҷиш ва такмил пешниҳод шудааст.

Сентябрь 15, 2017 10:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад