Дар мақомоти худидоракунии шаҳраку деҳот дафтари электронии хоҷагии хонавода ҷорӣ мегардад
ДУШАНБЕ, 15.09.2017 /АМИТ «Ховар»/. Гузариш ба ҳисоботи электронии оморӣ тақозои замон буда, то ба имрӯз чанде аз ҳисоботи оморӣ, аз қабили ҳисобот оид ба меҳнат, саноат, хизматрасонии пулакӣ ба аҳолӣ ва савдои чакана пурра ба тариқи электронӣ пешниҳод мешавад.
Тавре ба хабарнигори АМИТ «Ховар» аз Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, қадами минбаъда дар ин ҷода роҳандозии дафтари электронии хоҷагии хонавода дар мақомоти худидоракунии шаҳраку деҳот мебошад.
Ба иттилои манбаъ, Агентии омор барои амалӣ намудани ин нақша шаҳри Нораки вилояти Хатлон ва ноҳияи Зафарободи вилояти Суғдро ҳамчун минтақаи пилотӣ (таҷрибавӣ) интихоб намуда, барои дохил намудани маълумоти дафтари хоҷагӣ барномаи махсус таҳия намуд.
Бо мақсади ҷорӣ намудани дафтари электронии хоҷагии хонавода дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Зафаробод бо иштироки котибон ва шахсони масъули мақомоти худидоракунии шаҳраку деҳоти ноҳия машварати омӯзишӣ доир гардид.
Дар кори он муовини директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Қиёмиддин Давлатзода ва дигар кормандони масъули ин ниҳод иштирок намуда, доир ба масъалаи ҷорӣ намудани дафтари электронии хоҷагиҳои хонаводаҳои шаҳраку деҳот сухан гуфтанд.
Сардори раёсати барномасозии МД «Маркази кулли ҳисоббарорӣ»-и Агентии омор Ф. Мирпоччоев иштирокдоронро бо барнома, тарзи ворид намудани маълумот, омода намудани хазинаи маълумот, гирифтани маълумот дар асоси дархости истифодабарандагони маълумоти дафтарҳои баҳисобгирии хоҷагиҳо шинос намуд.
Бояд зикр намуд, ки тафсири электронии барномаи мазкур дар доираи татбиқи Лоиҳаи «Стратегияи миллии рушди омор» аз ҷониби ширкати маҳаллии пудратчии Лоиҳа «CAIConsғlting» омода гардида, барои санҷиш ва такмил пешниҳод шудааст.








Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид






