Дар рӯзҳои ҷашни Истиқлолияти давлатӣ сокинони Тоҷикистон се рӯз истироҳат мекунанд
ДУШАНБЕ, 07.09.2017/АМИТ «Ховар»/. Сокинони Тоҷикистон дар рӯзҳои ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон се рӯз — 9, 10 ва 11 сентябр истироҳат мекунанд.
Зимни суҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» муовини аввали раиси Федератсияи Иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон Исмоил Файзизода гуфт, ки тибқи моддаи 89-и Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон агар рӯзи истироҳат ба рӯзи иди ғайрикорӣ рост ояд, рӯзи истироҳат ба рӯзи аввали кории баъд аз рӯзи иди ғайрикорӣ гузаронида мешавад. Соли равон рӯзи таҷлили Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон — 9 сентябр ба рӯзи шанбе, ки рӯзи истироҳат аст, рост омад. Аз ин рӯ, рӯзи душанбе, 11 сентябр барои сокинони кишварамон рӯзи истироҳат мебошад.
Мавриди зикр аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон 26 сол муқаддам — 9 сентябри соли 1991 Истиқлолияти давлатӣ ба даст овард ва ҳамчун кишвари мустақил дар харитаи сиёсии ҷаҳон зуҳур намуд.








Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе






