Дар рӯзи аввали 5-умин Бозиҳои Осиё дар Ашқобод варзишгарони тоҷик соҳиби 6 медал шуданд
ДУШАНБЕ, 18.09.2017. /АМИТ «Ховар»/. Дар рӯзи аввали 5-умин Бозиҳои Осиё дар иншооти пӯшида ва ҳунарҳои размӣ дар шаҳри Ашқободи Ҷумҳурии Туркманистон мусобиқа оид ба ҷиу-ҷитсу (сабқатҳои омехта) ва гӯштини камарбандӣ (тарзи озод) баргузор шуд, ки дар он варзишгарони тоҷик соҳиби 6 медали биринҷӣ гардиданд.
Тавре аз Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, дар намуди ҷиу-ҷитсу ду ҷуфти варзишгарони тоҷик – Фирдавс Шарипов, Фирдавс Абдуманонов (миёни мардон) ва Нигора Юсуповаю Фирдавс Абдуманонов (ҷуфти омехта) сазовори ҷои сеюм шуданд.
4 медали дигарро варзишгарони мо дар намуди гӯштини камарбандӣ ба даст оварданд, аз ҷумла Самандар Эрназаров, Фаридун Қурбонов, Анушервон Наврӯззода ва Абдураҳмон Маматқулов сазовори ҷойҳои намоён гардиданд.
Дар вазни +100 кг 10 варзишгар аз 8 давлат ширкат намуданд. Самандар дар сабқати аввал бар варзишгари покистонӣ Басит Муҳаммад, дар сабқати дуюм бар Одилҷон Суюнови ӯзбекистонӣ ғолиб омада, сипас аз Аннамурат Муратов, варзишгари туркманистонӣ, ки ҷои дуюмро сазовор шуд, мағлуб гашт.
Дар вазни -57 кг низ 7 варзишгар аз 6 давлат ширкат намуданд. Фаридун дар сабқати аввал бар намояндаи Эрон Қосим Наврӯзӣ пирӯз шуда, дар даври дуюм аз варзишгари туркман Аланур Гошов, ки ғолиби ин вазн шуд, шикаст хӯрд.
Дар вазни -90 кг 8 варзишгар аз 6 давлат рақобат карданд. Варзишгари тоҷик Анушервон Наврӯззода дар сабқати аввал варзишгари ӯзбекистонӣ Абдуқаҳҳор Эгамовро мағлуб карда, дар сабқати дуюм аз варзишгари туркман Овезгелдӣ Бердиев, ки сазовори ҷои дуюм шуд, шикаст хӯрд.








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Мусобиқаи кушод оид ба гӯштини тарзи озод байни наврасон оғоз гардид
Наврасони Тоҷикистон баъди ғалаба дар дивизиони «D» дар Боку ба Ватан баргаштанд
Президенти Кумитаи паралимпии Осиё ба натиҷаи иштироки дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои паралимпии Осиё баҳои баланд дод
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бозии дуюми дӯстонаро бо Қатар мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Чемпионати ҷаҳон-2026 оид ба футбол бар тимҳои Бермуд ва Филиппин пирӯз шуд






