Дар се рӯзи 5-умин Бозиҳои Осиё дар Ашқобод варзишгарони тоҷик 11 медал ба даст оварданд

Сентябрь 19, 2017 09:43

ДУШАНБЕ, 19.09.2017. /АМИТ «Ховар»/. Дар рӯзи сеюми 5-умин Бозиҳои Осиё дар иншооти пӯшида ва ҳунарҳои размӣ, ки дар пойтахти Туркманистон шаҳри Ашқобод идома доранд,  варзишгарони тоҷик сазовори 4 медали биринҷӣ гардиданд.
Тавре аз Кумитаи миллии олимпии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, имрӯз мусобиқаҳо аз рӯи намуди гӯштини анъанавии тарзи классикӣ идома ёфтанд. Варзишгарони тоҷик Ҳасан Ёриев дар вазни -82 кг, Абдураҳмон Маматқулов -100 кг, Маҳмад Миров +100 кг ва Самандар Эрназаров  +100 кг  медалҳои биринҷии бозиҳоро ба даст оварданд.
Ёдовар мешавем, ки Абдураҳмон ва Самандар дар гӯштини тарзи озод низ медали биринҷӣ ба даст оварда буданд.
Инак,  баъд аз натиҷагирии 3 рӯзи мусобиқот Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ба даст  овардани  1 медали нуқра ва 10 медали биринҷӣ дар ҷадвали ҳисоби медалҳо миёни 63 давлати иштирокчӣ дар ҷои 19-ум қарор дорад. Кишвари мизбон – Туркманистон бо 62 медал (29 тилло, 21 нуқра, 12 биринҷӣ) дар ҷои аввал аст. Ҷумҳурии Исломии Эрон бо 4 медали тилло, 2 нуқра ва 6 биринҷӣ дар мақоми дуюм, Ӯзбекистон бо 3 медали тилло, 5 нуқра ва 20 биринҷӣ дар мақоми сеюм қарор доранд.
То имрӯз варзишгарони 23 давлат соҳиби медалҳои бозиҳо гардида, варзишгарони 17 давлат медалҳои тиллои бозиҳоро ба даст овардаанд.

 

 

Сентябрь 19, 2017 09:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Мусобиқаи кушод оид ба гӯштини тарзи озод байни наврасон оғоз гардид
Наврасони Тоҷикистон баъди ғалаба дар дивизиони «D» дар Боку ба Ватан баргаштанд
Президенти Кумитаи паралимпии Осиё ба натиҷаи иштироки дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои паралимпии Осиё баҳои баланд дод
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд