Дар шаҳри Истаравшан масоили гузаронидани кишти такрорӣ ва ҷамъоварии ҳосил баррасӣ гардид

Сентябрь 27, 2017 10:38

ИСТАРАВШАН, 27.09.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар  мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан вобаста ба масъалаҳои гузаронидани кишти такрорӣ, ҷамъоварии ҳосил ва захираи маҳсулот барои зимистонгузаронӣ машварати корӣ баргузор гардид.

Тавре ба АМИТ «Ховар» котиби матбуоти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан Шералӣ Азимӣ иттилоъ дод, дар ҷаласа  муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоҳир Зокирзода, муовини раиси вилояти Суғд Анвар Яъқубӣ, раиси шаҳри Истаравшан Баҳром Иноятзода ва масъулини раёсати кишоварзию дигар сохторҳо иштирок намуданд.

Муовини якуми Раиси шаҳри Истаравшан Абдусаттор Қодирӣ вобаста ба масъалаи гузаронидани кишти такрорӣ, ҷамъоварии ҳосил ва захираи маҳсулот барои замистонгузаронӣ иброз намуд, ки давоми ҳашт моҳи соли равон истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 310 миллиону 601 ҳазор сомониро ташкил дод, ки аз он 242 миллиону 750 ҳазор сомониашро маҳсулоти зироаткорӣ, 67 миллиону 850 ҳазор сомониро маҳсулоти чорводорӣ ташкил дода, нархҳои муқоисавӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 18 миллиону 301 ҳазор сомонӣ зиёданд. Ин 106, 3 фоизи нақшаро ташкил медиҳад.

Дар машварати корӣ муовини Сарвазири ҷумҳурӣ Маҳмадтоҳир Зокирзода ба масъулини соҳаи кишоварзӣ ҷиҳати дар муҳлати муайянгардида ва тибқи нақша гузаронидани кишти такрорӣ, ҷамъоварии ҳосил, захираи маҳсулот барои замистонгузаронӣ ва ташкили ярмарка-фурӯши маҳсулоти хӯрокворӣ дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Сентябрь 27, 2017 10:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад