Дар Вазорати корҳои дохилӣ пешгирии зӯроварии хонаводагиро баррасӣ карданд

Сентябрь 16, 2017 11:38

ДУШАНБЕ, 16.09.2017 /АМИТ «Ховар»/. Муовини Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Икром Умарзода бо Директори филиали «Геселшафт фюр Организатсион Планунг унд Аусбилдинг» (ГОПА) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Елена Максименко зимни вохӯрӣ рушди ҳамкорӣ дар самти пешгирии зӯроварии хонаводагӣ, таҳким бахшидани тадбирҳо ҷиҳати пешгирии хушунати оилавӣ ва дигар масоили мубрамро баррасӣ карданд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои дохилии  Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар вохӯрӣ ҳамчунин ҳамоҳангсози миллӣ оид ба ислоҳоти милитсияи Вазорат Фарҳод Шодмонзода  ва дигар шахсони расмӣ иштирок доштанд.

Ба иттилои манбаъ, ҷонибҳо ҷиҳати боз ҳам тақвият ёфтани ҳамкории мутақобилан судманд изҳори умедворӣ намуданд.

Бояд гуфт, ки байни Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва филиали «Геселшафт фюр Организатсион Планунг унд Аусбилдинг» (ГОПА) 15 марти соли 2015 Созишномаи дуҷониба оид ба ҳамкорӣ ба имзо расида, дар ин самт як зумра корҳо амалӣ гардиданд.

Сентябрь 16, 2017 11:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад