Дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон дар рейтинги нави ФИФА 11 зина боло рафт

Сентябрь 15, 2017 09:23

ДУШАНБЕ, 15.09.2017 /АМИТ «Ховар»/.  Федератсияи байналмилалии футбол (ФИФА) 14 сентябр раддабандии нави дастаҳои мунтахаби футболи ҷаҳонро нашр намуд.

Тавре аз Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳанд, дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар раддабандии нави Федератсияи байналмилалии футбол 11 зина боло рафта, дар мавқеи 140-ум бо 213 имтиёз қарор гирифт. Тоҷикистон дар байни 46 дастаи Конфедератсияи футболи Осиё мақоми 25-умро касб кардааст.

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон моҳи октябри соли равон дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор ду бозӣ доир менамояд- яке бо дастаи мунтахаби Непал дар доираи мусобиқаи интихобии қаҳрамонии Осиё-2019 ва бозии рафиқона бо дастаи мунтахаби Афғонистон.

Раддабандии навбатии Федератсияи байналмилалии футбол  рӯзи 16 октябр ба нашр мерасад.

Сентябрь 15, 2017 09:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Наврасони Тоҷикистон баъди ғалаба дар дивизиони «D» дар Боку ба Ватан баргаштанд
Президенти Кумитаи паралимпии Осиё ба натиҷаи иштироки дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои паралимпии Осиё баҳои баланд дод
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бозии дуюми дӯстонаро бо Қатар мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Чемпионати ҷаҳон-2026 оид ба футбол бар тимҳои Бермуд ва Филиппин пирӯз шуд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон пас аз иштирок дар Бозиҳои V параосиёӣ ба Ватан баргаштанд
Ҳайати васеи дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол барои иштирок дар мусобиқаи «Кing’s Сup 2026» эълон гардид
«KING’S CUP 2026». Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоӣ бо тими миллии Умон бозӣ мекунад
Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид
«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Ҷоми ҷаҳон-2026 иштирок менамояд