Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои Осиё дар иншооти пӯшида ва ҳунарҳои размӣ ширкат мекунад

Сентябрь 15, 2017 11:05

ДУШАНБЕ, 15.09.2017 /АМИТ «Ховар»/. Аз 17 то 27 сентябр дар шаҳри Ашқободи Ҷумҳурии Туркманистон 5-умин Бозиҳои Осиё дар иншооти пӯшида ва ҳунарҳои размӣ баргузор мегардад.

Тавре аз Кумитаи миллии олимпии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, дар бозиҳо қариб 6000 нафар варзишгар аз 62 давлати  Осиё ва Уқёнус иштирок мекунанд.

Бозиҳои Осиё дар иншооти пӯшида1Ба барномаи бозиҳо 21 намуди варзиш, аз ҷумла, баскетбол, гӯштини камарбандӣ, билярд, боулинг, шоҳмот, теннис, самбо, шиноварӣ, аспсаворӣ ва дигар намудҳои варзиш шомил мебошанд.

Ба иттилои манбаъ, дар ин қувваозмоиҳо аз Тоҷикистон 173 нафар, аз ҷумла 126 варзишгар аз рӯи  15 намуди варзиш  иштирок мекунанд.

Сентябрь 15, 2017 11:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Мусобиқаи кушод оид ба гӯштини тарзи озод байни наврасон оғоз гардид
Наврасони Тоҷикистон баъди ғалаба дар дивизиони «D» дар Боку ба Ватан баргаштанд
Президенти Кумитаи паралимпии Осиё ба натиҷаи иштироки дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои паралимпии Осиё баҳои баланд дод
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд