“ДОСТОНИ АСП”-и ДАВЛАТ САФАР ё чанд дастовези «Адиб» ба Рӯзи китоб
ДУШАНБЕ, 04.09.2017/АМИТ «Ховар»/. Нашриёти «Адиб» чанд китоби нави шоирону нависандагони Тоҷикистонро ба нашр расонид. Ин китобҳо ба 26- умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Соли ҷавонон ва Рӯзи китоб, ки ҳамасола 4 сентябр таҷлил мегардад, бахшида шудаанд. Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» директори нашриёти «Адиб» Гурез Сафар иттилоъ дод.
Ҳамзамон дар ин муддат дар нашриёти «Адиб» китоби «Фарҳанги вожаҳо ва ифодаи мардумӣ дар осори Мавлавӣ», ки ба қалами нависандаи тоҷик Ҳаёт Неъмати Оташ мутааллиқ аст, рӯи чоп омад. Дар он нависанда калимаю ифодаҳоеро мавриди пажӯҳиш қарор додааст, ки дар осори Мавлавӣ фаровон истифода гардидаанд.
Китоби «Достони асп»-и шоир Давлат Сафарро ҳам нашриёти «Адиб» ба нашр расонидааст. «Достони асп» -ро шоир ба таври равону сода навишта, дар он сифатҳои аспи хатлӣ, ки аз қадимулайём миёни мардум бо зебоиву чобукӣ шӯҳрат дорад, васф гардидааст.
Кору рӯзгори чеҳраҳои шинохтаи илму фарҳанги кишвар дар китоби Тоҷинисои Азиз бо номи «Зиндагиафрӯз» ба тозагӣ нашр гардидааст. Муаллифи китоб саъй намудааст, ки роҳи тайнамудаи шахсиятҳо ва ходимони барҷастаи илму фарҳанги миллати тоҷикро ба хонандагон муаррифӣ намояд.
Мавриди зикр аст, ки ҳанӯз даҳ сол қабл — 4 сентябри соли 2007 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маросими тантанавӣ зимни гузоштани санги асоси Китобхонаи миллӣ, ки дар минтақаи Осиёи Марказӣ назир надорад, пешниҳод намуда буданд, ки минбаъд ҳамасола дар Тоҷикистон 4 сентябр Рӯзи китоб таҷлил гардад. Дар ин рӯз дар ҷумҳурӣ баргузории ҷамъомаду барномаҳои гуногуни илмию фарҳангӣ ва намоиши китобҳо дар назар дошта шудааст.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






