«ДУНЁИ МЕҲР». Таҳти ин унвон дар Душанбе даври хотимавии фестивали истеъдодҳои нодир дар байни шахсони нобино ва қувваи босираашон суст баргузор мегардад
ДУШАНБЕ, 20.09.2017. /АМИТ «Ховар»/. 22 сентябр, соати 17:00 дар толори Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи А. Ҷӯраев даври ҷамъбастии Фестивали ҷумҳуриявии нобиноён таҳти унвони «Дунёи меҳр» баргузор мегардад.
Бино ба иттилои Маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар даври аввали фестивал, ки дар ҳама манотиқи кишвар баргузор гардид, 162 нафар хоҳишмандони аз 8 то 35- солаи қувваи босираашон суст ё нобино, ки дар навозиши асбобҳои миллӣ ва аврупоӣ, иҷрои сурудҳои фолклорӣ ва классикӣ, инчунин хониши бадеии шеъру тарона ва порчаҳои насрӣ истеъдод доранд, иштирок карда, 27 нафарашон ба даври ҷамъбастӣ роҳ ёфтанд.
Аз ҷумла, 10 нафар иштирокчӣ аз вилояти Суғд, 6 нафар аз вилояти Хатлон, 6 нафар аз навоҳии тобеи марказ, 3 нафар аз шаҳри Душанбе ва 2 нафар аз ВМКБ ба даври ниҳоӣ роҳхат гирифтанд.
Фестивали ҳунарии ҷумҳуриявии нобиноён таҳти унвони «Дунёи меҳр» дар доираи барномаҳои фарҳангӣ бахшида ба таҷлили Соли ҷавонон ва Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳодияи миллии нобиноёни Тоҷикистон баргузор мегардад.
Мақсади фестивал дарёфти чеҳраҳои нав ва ҷавон, истеъдодҳои нодир дар байни шахсони нобино ва қувваи босираашон суст, арҷ гузоштан ба мероси бойи аҷдодон, тарғибу ташвиқи санъати ниёгон ва муосири тоҷик, беҳтар ба роҳ мондани фаъолияти дастаҳои худфаъолияти бадеӣ дар назди филиалҳои Иттиҳодияи миллии нобиноёни Тоҷикистон, баланд бардоштани завқи зебоипарастӣ, хештаншиносии наврасону ҷавонон ва мустаҳкам намудани робитаи эҷодӣ байни ҳаваскорони санъат ва устодони варзидаи ҷумҳурӣ мебошад.








Форуми байналмилалии «Ҳамкории муштараки киносозону продюсерон» ва нишасти матбуотӣ баргузор гардид
«ЗАБОНИ МО – ҶАҲОНИ МО». Анҷумани сеюми забоншиносони давлатҳои ҳамзабону ҳамфарҳанг доир шуд
Иштирокдорони Анҷумани сеюми забоншиносони ҷаҳон бо осори таърихию фарҳангии Осорхонаи миллии Тоҷикистон шинос шуданд
Пагоҳ дар Тоҷикистон Иди Меҳргон таҷлил мегардад
Дар Душанбе Рӯзҳои кинои Эрон оғоз гардиданд
ИМРӮЗ–РӮЗИ КИНОИ ТОҶИК. Аз соли 1991 то соли 2025 дар маҷмуъ 313 филм ба навор гирифта шудааст
«ЗАБОНИ МО – ҶАҲОНИ МО». 16 октябр Анҷумани сеюми забоншиносони давлатҳои ҳамзабону ҳамфарҳанг баргузор мегардад
ФИЛМҲОИ МИЛЛӢ ДАР ҶАШНВОРАҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ЭЪТИРОФ ВА ҚАДРДОНӢ МЕШАВАНД. Эҳдо ба Рӯзи кинои тоҷик
Дар Минск бахшида бо Рӯзи байналмилалии бузургдошти Ҳофизи Шерозӣ ҳамоиш доир шуд
Дар даври ҷамъбастии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» 581 довталаб иштирок менамояд
«ТОҶИ СОМОН». Меҳмонони синамоҷоизаи миллӣ бо имконоти сайёҳии Тоҷикистон шинос мегарданд
Ҷаласаи комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон—Ватани азизи ман» баргузор гардид






