Эмомалӣ Раҳмон сулҳу суботи пойдор дар Афғонистонро омили калидии таъмини суботу амният дар ҳавзаи Осиёи Марказию Ҷанубӣ номиданд

Сентябрь 20, 2017 12:32

ДУШАНБЕ, 20.09.2017. /АМИТ «Ховар»/.  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар мубоҳисаҳои умумии Иҷлосияи 72-юми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар шаҳри Ню-Йорк аз вазъи низомиву сиёсӣ ва иҷтимоиву иқтисодии  Афғонистони ҳамҷавор изҳори нигаронии ҷиддӣ карда, иброз намуданд, ки он моро бетафовут гузошта наметавонад. Чунки имрӯз комилан возеҳ аст, ки сулҳу суботи пойдор дар Афғонистон омили калидии таъмини суботу амният дар ҳавзаи Осиёи Марказию Ҷанубӣ ва дигар минтақаҳои ҳамсоя ба шумор меравад.

Бинобар ин, Сарвари давлат ҳамоҳангсозии минбаъдаи талошҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ ва андешидани тадбирҳои муассирро ҷиҳати ҳалли фарогири қазияи Афғонистон хеле муҳим арзёбӣ намуда, омили муҳим дар ин ҷода, аз ҷумла, ҷалби Афғонистон ба раванди ҳамгироии минтақавӣ тавассути тақвияти муносибатҳои иқтисодӣ ва тиҷоратӣ бо онро номиданд.

Вобаста ба ин Пешвои миллат аз ҷомеаи байналмилалӣ даъват намуданд, ки ба Афғонистон дар эҳёи ҳаёти иҷтимоиву иқтисодӣ ва рушди инфрасохтори нақлиётиву иртиботии он мусоидату кумакҳои ҳадафрас намояд.

«Тоҷикистон, ки бо Афғонистон наздики 1400 километр сарҳади умумӣ дорад, дар ин ҷода омода аст саҳми ҳамаҷонибаи худро гузорад»,- зикр намуданд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Сентябрь 20, 2017 12:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад