«Фарзандонро дар рӯҳияи ватандӯстию хештаншиносӣ тарбия мекунем!» -қавли сокинон зимни ифтитоҳи бинои нави мактаб дар водии Бартанг
ДУШАНБЕ, 12.09.2017 /АМИТ «Ховар»/. Хонандагони Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №35-и деҳаи Рухчи ҷамоати деҳоти Савноби ноҳияи Рӯшон соҳиби бинои замонавӣ гардиданд.
Тавре аз Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, бино бо ташаббуси Вазорати корҳои дохилӣ ва дастгирии молии соҳибкори муваффақу ватандӯст Нағзибек Нағзибеков бо сарфи зиёда аз 700 ҳазор сомонӣ бунёд гардида, дар рӯзҳои ҷашни 26-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хонандагону омӯзгорон ва волидони онҳо туҳфа гардид.
Дар маросими ифтитоҳи бинои нави таълимӣ Раиси ноҳияи Рӯшони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Имомназар Хоҷаназар, сардори Раёсати маорифи вилоят Эраҷ Ҷонмирзоев ва муовини сардори Раёсати ВКД дар ВМКБ Эраҷ Азизмамадов ширкат намуданд.
Раиси ноҳияи Рӯшон Имомназар Хоҷаназар хонандагону омӯзгорон ва аҳли деҳаро бо ифтитоҳи бинои нави муассисаи таълимӣ табрик намуда, изҳор дошт, ки «ҳамаи ин пешрафту дастовардҳо дар соҳаҳои гуногуни ҳаёт ва фазои сулҳу амонӣ дар кишвари мо маҳз тавассути Истиқлолият ва ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ арзи вуҷуд намудаанд».
Ба иттилои манбаъ, аҳли деҳа бо шодию фараҳ ва изҳори сипос ба Сарвари давлат, Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соҳибкори ватанӣ ва бинокорон баён доштанд, ки дар навбати худ саъю талош мекунанд, то фарзандони худро дар рӯҳияи ватандӯстию хештаншиносӣ ва расидан ба қадри сулҳу суботи Тоҷикистон тарбия намоянд.








Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе






