Хадамоти муҳоҷират ба шаҳрвандоне, ки азми сафар ба Россияро доранд, маслиҳатҳои ҳуқуқӣ медиҳад
ДУШАНБЕ, 06.09.2017 /АМИТ «Ховар»/. Моҳи августи соли равон беш аз 1 ҳазору 503 нафар шаҳрвандон-муҳоҷирони меҳнатӣ ба шуъбаи қабул ва маслиҳатдиҳӣ ба муҳоҷирони меҳнатии Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Душанбе муроҷиат намудаанд.
Тавре аз Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, ба ҳар шаҳрванди қабулгардида барои омодагии пеш аз сафар ба Федератсияи Россия маслиҳатҳои ҳуқуқӣ дода, онҳоро таъкид мекунанд, ки ба наздиконашон қонунгузориҳои нави Федератсияи Россияро дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ фаҳмонанд.
Зикр гардид, ки рӯйхати муҳоҷирони меҳнатие, ки воридшавиашон ба Федератсияи Россия муваққатан манъ шудааст, ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияҳои шаҳри Душанбе барои бо кор таъмин намудан ирсол гардидааст.
Ба шаҳрвандон-муҳоҷирони меҳнатие, ки касб надоранд, тавсия дода шуд, ки ба Маркази таълими калонсолон муроҷиат кунанд.








Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе






