ХАЁЛАМ ЗЕБИ ДУНЁӢ, ДУШАНБЕ! Гулгашти нави пойтахт макони дӯстдоштаи сокинону меҳмонон гардидааст
ДУШАНБЕ, 28.09.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар арафаи 26-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пойтахт мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани иншооти нави хизматрасонӣ, фарҳангиву фароғатии мутобиқ ба стандартҳои байналмилалӣ ба шаҳри Душанбе шукӯҳу шаҳомати тоза бахшид.
Аз ҷумла, навсозии гулгашти назди истгоҳи Роҳи оҳан боиси хушҳолии сокинон ва меҳмонони пойтахт гардида, он ба макони дӯстдоштаи онҳо табдил ёфтааст.
Гулгашти назди истгоҳи Роҳи оҳан то маҷмааи меъмории муҷассамаи Садриддин Айнӣ аз ҷониби Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон» пурра навсозӣ гардида, дар масоҳати қариб 14 ҳазор метри мураббаъ доман паҳн кардааст.
Тавре аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар доданд, лоиҳаи навсозии гулгашт аз ҷониби ҶДММ «Голддизайн студио» омода гардида, корҳои сохтмониро ҶДММ «Озодӣ-Ка» ба анҷом расонидааст. Маблағи умумии лоиҳа 7,8 миллион сомониро дар бар мегирад.
Тибқи иттилои масъулин, дар доираи корҳои навсозӣ гулгашти мазкур комилан бозсозӣ шуда, дар ҳудуди он иншооти гуногуни хизматрасонӣ, истироҳатӣ ва фарҳангию фароғатӣ бунёд ёфтаанд. Аз ҷумла, дар маркази гулгашт як иншооти истироҳатӣ ва фарҳангию фароғатии муҷаҳҳаз бо тамоми шароит, майдончаи тафреҳӣ ва иншооти хизматрасонии санитарию ороишӣ бунёд шудааст.
Дар ҳудуди гулгашт фаввораҳои ҳаракаткунандаи мусиқавӣ бо таҷҳизоти равшанидиҳанда сохта шудаанд. 4 фаввора, ки қаблан дар ҳолати ногувор қарор доштанд, таҷдид ёфта, пурра бо сангҳои мармар ва хоро дар масоҳати 1350 метри мураббаъ ороиш дода шудаанд. Худи фаввораҳои гулгашт бо чароғакҳои рангин насбу васл шуда, тавассути барномаи махсус идора карда мешаванд.
Дар ҳудуди гулгашт дар масоҳати 6 ҳазору 780 метри мураббаъ роҳравҳо бунёд ва сангфарш гардида, майдони беш аз 6 ҳазор метри мураббаъ ба сабзазор табдил дода шудааст.
Инчунин 233 адад ниҳоли дарахтони ороишию сояафкан ҳусни онро боз ҳам дилработар гардонидаанд. Низоми мукаммали муосири обёрӣ бо 600 адад обпошакҳо, ки дар ин мавзеъ фароҳам оварда шудааст, баҳри ҳамеша сабзу хуррам нигоҳ доштани чаманзори гулгашт мусоид хоҳад буд.
Тамоми ҳудуди гулгашт, роҳрав ва тимсолҳои ороишии он бо истифода аз 480 адад сутунчароғ ва чароғакҳои гуногуни ороишӣ чароғон гардидааст.
Дар боғи мазкур барои 650 нафар ҷойи нишаст омода гашта, 40 баландгӯяк, ки ба хати радиоӣ пайваст мебошанд, ба истироҳаткунандагон хизмат мерасонанд.
Гулгашти мазкур аз пасманзари муҷассамаи Садриддин Айнӣ то буриши кӯчаи Моёншо Назаршоев бо хиёбони Рӯдакӣ дар масофаи 400 метр тӯл мекашад ва аз ду ҷониб бо панҷараҳои мунаққаши гулдор оро дода шудааст.
Рухсораи НУР















Таҷлили бошукуҳи Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе
Рустами Эмомалӣ ва Валентина Матвиенко ба «Мактаби таҳсилоти миёнаи умумии ба номи Ю.А. Гагарини шаҳри Душанбе» ташриф оварданд
Шаҳри Душанбе сазовори «Шоҳҷоиза»-и Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин шаҳру ноҳия, шаҳраку деҳот, деҳа, маҳали аҳолинишин ва хонаи истиқоматӣ» гардид
Дар шаҳри Душанбе зиёда аз 3 миллион бех лола шинонида мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Дар Душанбе таъмини 3300 иншоот бо гармӣ дар назар дошта шудааст
Дар ҳудуди шаҳри Душанбе зиёда аз 214 ҳазор бех дарахтони ороишию сояафкан шинонида мешаванд
Дар шаҳри Душанбе озмуни «Беҳтарин донандаи китобҳои Пешвои миллат» баргузор мегардад
ТУ ШАҲРИ ГУЛБАДОМОНӢ, ДУШАНБЕ! Дар пойтахт зиёда аз 12 миллион гулҳои мавсимию бисёрсола шинонида мешавад
Дар Душанбе даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Ҳунарманди сол» баргузор мегардад
Дар асоси қарори Раиси шаҳри Душанбе Клуби «Волонтёрони экологӣ» таъсис дода шуд
Ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар ҳалқаи кӯчаи Дӯстии халқҳо пайваст ба кӯчаи Меҳнат муваққатан қатъ мегардад
«ТУ ҚАЛБИ ТОҶИКИСТОНӢ, ДУШАНБЕ!». Озмуни шаҳрии шеър ва суруди беҳтарин оғоз мегардад






