Ифтитоҳи мавсими 77-уми театрӣ бо балети «Зол ва Рудоба»
ДУШАНБЕ, 16.09.2017 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 16 сентябр, соати 18:00 дар Театри давлатии академии опера ва балети Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ ифтитоҳи 77-умин мавсими театрӣ бо намоиши балети «Зол ва Рудоба» баргузор мегардад.
Бино ба иттилои Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар маросими ифтитоҳи мавсими 77-уми театрӣ супоридани Ҷоизаи мусиқии касбӣ ба номи Борбад ба барандагони ҷоиза низ дар назар аст.
Мавриди зикр аст, ки нахустнамоиши балети «Зол ва Рудоба», ки аввалин балети тоҷикӣ аст, моҳи ноябри соли 2016 ба ифтихори 25-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардида буд. Намоиш чун падидаи нодири фарҳангӣ қалби ҳазорон нафар мухлисони санъати балетро тасхир намуд.
«Зол ва Рудоба» аз рӯи асари безаволи «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ таҳия гардида, муаллифи мусиқӣ шодравон композитори маъруфи тоҷик Шуҳрат Ашӯров мебошад.
Асар аз ҷониби лауреати озмунҳои байналхалқӣ Мария Левитская ба саҳна гузошта шуда, дирижери он Далер Тиллоев аст.








Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
Муовини Вазири фарҳанг ва иршоди исломии Эрон дар Осорхонаи миллӣ бо тамаддуни бостонии тоҷикон шинос шуд
Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2026 муайян гардиданд
Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» оғоз гардид
Феҳристи ёдгориҳои Намоиши байналмилалии «Тоҷикистон- кишвари ёдгориҳои нодир» таҳия гардид
Имрӯз маросими ҷоизасупории Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» баргузор мегардад
«КИТОБИ ДУШАНБЕ». Дар намоишгоҳи байналмилалӣ беш аз ду ҳазор номгӯй китоб пешниҳод гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Италия Нигористони Боргезеро тамошо намуданд
«РОБИАИ БАЛХӢ–НАХУСТИН НИДОИ ИШҚ». Бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ ҳамоиши илмӣ–адабӣ доир шуд
Дар Душанбе бо иштироки беш аз 30 муассисаи нашриявӣ намоиши китоб оғоз гардид
«TAJIKISTAN, UNA CULTURA DA SCOPRIRE». Нашрияи итолиёвӣ доир ба мероси таърихию фарҳангии тоҷикон мақола чоп намуд






