Иштироки Ҷамшед Нурмаҳмадзода дар муҳокимаи рушди иқтисодиёти ҷаҳонӣ дар Туркия
ДУШАНБЕ, 26.09.2017 /АМИТ «Ховар»/. Тӯли ду рӯз дар шаҳри Бодруми Ҷумҳурии Туркия оид ба рушди иқтисодиёти ҷаҳонӣ вохӯрии роҳбарони бонкҳои марказӣ ва мақомоти монетарии давлатҳои аъзои Созмони Конфронси Исломӣ баргузор гардид. Дар кори он раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода ширкат варзид.
Тавре аз Бонки миллӣ иттилоъ доданд, иштирокдорони ҷаласа рушди иқтисодиёти ҷаҳонӣ, таҳкими ҳамкории техникӣ, мубодилаи таҷриба, ҳалли масъалаҳои рӯзмарраи бонкҳои марказӣ ва самаранок ба роҳ мондани кумакҳои молиявии давлатҳои аъзои Созмони Конфронси исломиро мавриди муҳокима қарор доданд.
Ҷаласаи мазкур, ки соле як маротиба доир мегардад, ба давлатҳои аъзои Созмони Конфронси Исломӣ имконият фароҳам меоварад, то тағйироти иқтисодӣ ва молиявии ҷаҳониро баррасӣ карда, лоиҳаи густариши минбаъдаи ҳамкориро дар самтҳои гуногуни иқтисодиёт тарҳрезӣ намоянд.
Зикр гардид, ки зимни сафари корӣ Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода, инчунин бо раиси Бонки марказии Туркия Мурат Четинкая мулоқот анҷом дод.
Дар вохӯрӣ масъалаҳои тақвият бахшидани ҳамкорӣ, омӯзиши таҷриба дар самти бонкдории исломӣ, баррасии масъалаҳои баимзорасонии созишнома миёни Бонки миллии Тоҷикистон ва Бонки марказии Туркия, кушодани суратҳисобҳои муросилотӣ, дастгирии кумаки техникӣ дар самти таҳияю қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқии низоми бонкдории исломӣ ва мусоидат ба рушди муносибатҳо миёни бонкҳо баррасӣ шуданд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст






