«Истиқлол» ба даври минбаъдаи Ҷоми AFC роҳ ёфт!
ДУШАНБЕ, 13.09.2017 /АМИТ «Ховар»/. Шоми дирӯз бозии ҷавобии дастаҳои футболи «Истиқлол»-и Душанбе ва «Серес Негрос»-и Филиппин дар варзишгоҳи «Панаад Парк стедиум»-и шаҳри Баколоди Филиппин баргузор гардид. Ин бозӣ бо ҳисоби мусовии 1:1 ба анҷом расид.
Тавре аз Федератсияи футболи Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, дар қисми якуми вохӯрӣ ҳарду ҷониб лаҳзаҳои хатарнок ва партофтҳои головарро зиёд ба миён оварданд. Кушодани ҳисоб дар бозӣ ба ҳимоятгари мизбонон Мануэл Ҳерера Сапер муяссар шуд. Сипас дар дақиқаҳои иловагии нимаи якуми вохӯрӣ шогирдони Муҳсин Муҳаммадиев голи ҷавобӣ заданд. Дмитрий Барков бо истифода аз партофти хуби Девид Мавутор натиҷаро баробар кард. Дар қисми дуюми бозӣ дар дақиқаи 69-ум ҳимоятгари бомаҳорати «Истиқлол» Артем Барановский бо гирифтани корти сурх аз идомаи бозӣ маҳрум шуд.
Ҳамин тариқ, дастаи футболи «Истиқлол»-и Душанбе ба даври ниҳоии байниминтақавии мусобиқоти Ҷоми конфедератсияи футболи Осиё-2017 роҳхат гирифт. Имрӯз дар доираи ин давр дастаҳои «Бангалор»-и Ҳиндустон ва «25-уми апрел»-и Кореяи Шимолӣ байни ҳам бозӣ мекунанд. Дастае, ки дар ин бозӣ ғолиб омад, бо дастаи футболи «Истиқлол»-и Душанбе вомехӯрад.
Бояд зикр кард, ки дар вохӯрии аввали даври финалии минтақавӣ чанд тан аз футболбозони калидии дастаи «Истиқлол», аз ҷумла Дэвид Мавутор, Артем Барановский ва Амирбек Ҷурабоев бо сабаби аз бозии пешина гирифтани корти зард бозӣ карда наметавонанд.












Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Мусобиқаи кушод оид ба гӯштини тарзи озод байни наврасон оғоз гардид
Наврасони Тоҷикистон баъди ғалаба дар дивизиони «D» дар Боку ба Ватан баргаштанд
Президенти Кумитаи паралимпии Осиё ба натиҷаи иштироки дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои паралимпии Осиё баҳои баланд дод
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд






