«ҶОМЕАРО БА ИШТИБОҲ НААНДОЗЕД!». Раиси ҲСДТ роҳбари намояндагии ин ҳизб дар ВМКБ-ро барои иштирок дар ҷаласаи САҲА дар Варшава маҳкум кард

Сентябрь 15, 2017 17:48

ДУШАНБЕ, 15.09.2017 /АМИТ «Ховар»/. «Раиси ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон Раҳматилло Зоиров раҳбари намояндагии ин ҳизб дар вилояти Бадахшон Алим Шерзамоновро барои ҳузур дар як ҷаласаи созмондодаи Ҳизби наҳзати исломӣ дар Варшава маҳкум кард ва суханронии ӯро «хатои ҷиддии сиёсиву идеологӣ» номид. Зоиров гуфт, ки ҳизби ӯ аз моҳи сентябри соли 2013 ба ин тараф бо ҲНИТ дар ҳеҷ шакл ҳамкорӣ надорад», — ин хабарро имрӯз Радиои «Озодӣ» паҳн карда, дар идомаи хабар навиштааст: «Ин баёнияи Зоиров дар саҳифаи расмиаш дар Фейсбук нашр шуд».

Воқеан ҳам дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук Р.Зойиров дар саҳифаи расмии худ бо сарлавҳаи «Шерзамонов интизоми дохилиҳизбиро дағалона вайрон кард, ӯ ҳуқуқ надошт, ки аз номи ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон баромад кунад» баёния паҳн кардааст. Дар  он Р.Зойиров изҳор кардааст, ки «намояндагони ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон, аз ҷумла аъзои ҳизбҳои сиёсӣ ҳаққи комили иштирок ва суханронӣ дар нишастҳоро доранд, аммо бояд қоидаҳои дохили созмон вайрон нашавад». Ӯ таъкид кардааст, «ин ҳаққи шумост. Баҳс кунед. Аз манфиатҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ҳимоят намоед. Аммо қонун, қоида ва принсипҳои дохили созмонеро, ки узваш ҳастед, нақз накунед. Ҷомеаро ба иштибоҳ наандозед».

Дар идомаи баёнияи Р.Зойиров омадааст: «Аввал, ин ки А.Шерзамонов дар нишаст ва конфронс ҳамчун роҳбари ташкилоти ҲСДТ дар ВМКБ муаррифӣ карда шуд, вале дар ҷаласаи мубоҳисавӣ А.Шерзамонов ҳамчун муовини раиси ҲСДТ шиносоӣ карда шуд. Изҳор мекунам, ки А.Шерзамонов муовини раиси ҲСДТ нест ва ин рафтори ӯ худсарона азхуд кардани ваколатҳо мебошад.

Дуюм ин ки, ман ҳамчун раҳбари ҲСДТ муҳтавои сӯҳбатҳои Алим Шерзамоновро барои роҳ додан ба чанд хатои ҷиддии сиёсӣ ва идеологӣ маҳкум мекунам.

Сеюм ин ки, Алим Шерзамонов ҳизби сотсиал-демократ, шахсан маро ҳамчун раиси ҳизб дар бораи иштирок карданаш дар ин маросим хабардор накард.  ҲСДТ ӯро барои иштирок дар ин маърака вазифадор накардааст, ӯ метавонист танҳо аз номи худ иштирок ва суханронӣ кунад, ҳуқуқ надошт, ки аз номи ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон иштирок ва баромад кунад.

Чорум ин ки, ҲСДТ то ҳоло намедонад, ки Шерзамонов ба ҳайси кӣ ва дар кадом асос ба ин конфронс даъват шудааст. Зеро ки иштироки ӯ дар чорабиниҳои сиёсӣ ва баромадҳояш дар мавзӯъҳои сиёсӣ мавқеи ҲСДТ-ро бо таҳриф ва дағалона нишон дода, интизоми ҳизбиро вайрон месозад. Зимнан, чунин амалҳои вайронкории А.Шерзамонов бори аввал нест.

Панҷум ин ки, ташкилкунандагони ҷаласаҳои Б ва В дар Варшава, тавре ки М.Кабирӣ (дар кофтукоби пулиси байналмилалӣ – Интерпол қарор дорад – АМИТ «Ховар») эълон кардааст, Ҳизби наҳзати исломӣ (ҲНИТ бо ҳукми Суди Олии Тоҷикистон ташкилоти террористӣ-экстремистӣ эълон шуда, фаъолияти он дар Тоҷикистон манъ карда шудааст – АМИТ «Ховар») мебошад. Расман, Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон аз моҳи сентябри соли 2013 бо ҲНИТ ягон робита ва дар ягон шакл ҳамкорӣ надорад. Ин мавқеи ҲСДТ мебошад.

Шашум ин ки, хабари дар «Азия Плюс» бо сарлавҳаи «Раҳматилло Зойирови «фейкӣ» дар бораи хориҷ шудани Алим Шерзамонов аз ҲСДТ изҳорот дод»  изҳор мекунам, ки чунин баёнияҳо аз надонистани қонун ва низомномаи ҳизб сар мезананд.

Ва ҳафтум ин ки хатоҳои сиёсӣ ва идеологие, ки А.Шерзамонов дар баромадҳои худ на танҳо дар ин нишаст, балки дар дигар мавридҳо содир кардааст, ба мавқеи расмии ҲСДТ мувофиқат намекунанд, бинобар ҳамин дар ҷаласаи Шурои сиёсии ҲСДТ муҳокима шуда, ба он баҳои сиёсӣ дода хоҳад шуд. Дар ин бора ҲСДТ ба таври иловагӣ иттилоъ медиҳад.  Раиси ҲСДТ Р.Х. Зойиров».

Хотиррасон мешавем, ки 7-уми сентябри соли ҷорӣ АМИТ «Ховар» оид ба эҳтимоли пурра қатъ кардани фаъолияти САҲА дар Тоҷикистон хабар нашр кард, ки дар он навишта шуда буд: «Агар дар конфронси ҳарсолаи САҲА оид ба демократия ва ҳуқуқи инсон, ки нимаи аввали моҳи сентябри соли 2017 дар шаҳри Варшава баргузор мегардад, фаъолони ҲНИТ – ташкилоте, ки фаъолияти он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Созмони Ҳамкории Шанхай ва Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ қонунан манъ карда шудааст, даъват карда шаванд, он гоҳ фаъолияти намояндагии Созмони амният ва ҳамкории Аврупо (САҲА) дар Тоҷикистон шояд пурра қатъ карда шавад» (http://khovar.tj/2017/09/faoliyati-namoyandagii-sa-ha-dar-to-ikiston-e-timol-purra-at-karda-shavad/).

Воқеан ҳам дар конфронси ҳарсолаи САҲА оид ба демократия ва ҳуқуқи инсон, ки имрӯзҳо дар кишвари Полша мегузарад, иштирок намудани ҷинояткорони дар кофтукоби полиси байналмилал – Интерпол қарордошта боиси тааҷҷуб ва таассуф мебошад.

Илова ба ин, вақте аз ҷониби  ташкилоти экстремистӣ-террористии ҲНИТ, ки дар Феҳристи Сохтори минтақавии зиддитеррористии Созмони ҳамкории Шанхай (СМЗТ СҲШ) ҳамчун созмони террористӣ ворид шудааст   ва  Кумитаи котибони шӯроҳои амнияти давлатҳои узви Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ (СААД) онро дар қатори созмонҳои террористии байналмилалӣ, ба монанди «Ал-Қоида», «ДИИШ», «Ихвон-ул муслимин», «Ансоруллоҳ»  ба рӯйхати ташкилотҳои террористӣ ва экстремистӣ ворид намудааст, дар ҳошияи ҳамоиши Созмони амният ва ҳамкории Аврупо конфронс баргузор мекунад, беихтиёр масали «як бому ду ҳаво»-ро пеши назар меорад ва аз сиёсати «меъёрҳои дугона» башорат медиҳад. Ҳол он ки мубориза бар зидди терроризму экстремизм  бояд аз як мавқеъ ва бардошт сурат гирад.

Сентябрь 15, 2017 17:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Кумитаи телевизион ва радио бахшида ба 30-солагии таъсиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Ду сокини ноҳияи Ёвон барои риоя накардани қонуни танзим ҷарима карда шуданд
Дар Беморхонаи марказии шаҳри Кӯлоб хизматрасонии тиббӣ беҳтар мешавад
«ПЕШВОИ МАН-ИФТИХОРИ МАН». Дар Душанбе байни кӯдакони ятиму бепарастор озмун оғоз гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Ҳунармандони Мастчоҳ соҳиби грантҳои раиси ноҳия шуданд
«НАҚШИ ҶАВОНОН ДАР ДАВРОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ -ДАСТОВАРД ВА ДУРНАМО». Дар Душанбе ҳамоиши кормандони ҷавони соҳаи роҳи оҳан доир шуд
«МО НАКУНЕМ, КӢ МЕКУНАД?». Дар Душанбе бо иштироки волонтёрон аксияи зимистона баргузор гардид
Дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба 30-солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Дар Майотта бар асари тӯфони Чидо беш аз 20 нафар ҳалок гардид
Сардии ҳавои Бадахшон сабаби ҷорӣ шудани маҳдудият дар интиқоли муътадили неруи барқ гардид
Донишҷӯёни Донишгоҳи техникии Тоҷикистон дар Намоиш-озмуни «Меъмор-2024» соҳиби ҷойҳои намоён гардиданд