«КӮДАКҲО!» Чунин муроҷиат намудааст Саломиддин Мирзораҳматов ба «бачаҳои бесаводе, ки худро оппозитсияи тоҷик дар хориҷа меноманд ва дар атрофи Кабирӣ чарх мезананд»
ДУШАНБЕ, 07.09.2017. /АМИТ «Ховар»/. Саломиддин Мирзораҳматов – журналист ва публисисти маъруфи Тоҷикистон, собиқ мухбири рӯзномаи «Коммунист Таджикистана» (ҳоло «Народная газета») буда, чанд соли охир дар Қазоқистон ба сар мебарад ва бо соҳибкорӣ машғул аст. Ӯ дар як мақола, ки дар саҳифаи худ дар Facebook ҷой кардааст, андешаҳояшро дар бораи ба ном «оппозитсияи тоҷик» баён доштааст. Метавонистем ба он аҳамият надиҳем, зеро имрӯзҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ чиҳое намегӯянду наменависанд. Вале дар мақола дар бораи мавзӯи муҳим гап меравад – дар бораи он ки чӣ касе, чӣ тавр ва бо кадом мақсад имрӯз ҷавонҳои моро фиреб медиҳад ва ба ташкилоту созмонҳои экстремистию террористӣ ҷалб месозад. Маҳз аз ҳамин лиҳоз мо мақолаи фавқуззикрро бо каме ихтисорот манзури хонандагони худ мегардонем.
Гарчанде ки дар мактаб фанни ҷуғрофиёро бо баҳои хуб хонда бошам ҳам, вале маҳз бо шарофати «мухолифин»-и бурунмарзӣ фаҳмидам, ки дар Олмон шаҳре бо номи Дормунт вуҷуд доштааст. Тӯли чанд рӯз сомонаҳои зиёде дар бораи ин шаҳри олмонӣ ёдовар шуда, оид ба анҷумани қувваҳои мухолифи Тоҷикистон ба таври муфассал маълумот пахш намуданд, ки гӯё дар он ҷо Эътилофи ҳизбҳои сиёсӣ, гурӯҳҳо ва ғ. созмон ёфта бошад.
Аммо ман нисбат ба ин рӯйдод бепарво будам. Баъзан сархат ва ё сарлавҳаеро дар ин бора мехондаму дар бештари мавридҳо маводҳои марбут ба ин мавзӯъро канор мегузоштам.
Вале вақте ки дар сомонаи «Озодӣ» мусоҳибаи муовини директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Тоҷикистон Сайфулло Сафаровро хонда, изҳори нигаронии ӯро нисбат ба ташкил додани Эътилоф дидам, ба фикр фурӯ рафтам. Бояд аниқ кард, ки асли воқеа аз чӣ иборат аст? Баъди ҷамъ намудани маълумот ба хулосае омадам, ки ҷолибтарин рӯйдод пас аз анҷуман иттифоқ афтодааст.
Дар навбати аввал мардумро на ба анҷумани қувваҳои мухолифин, балки ба ҷамъомади бахшида ба бистсолагии ба имзо расидани Созишномаи мусолиҳаи миллӣ даъват карда будаанд. Ва тоҷикҳои муқими Олмон, кишварҳои аврупоии ҳамсоя, ки ба ҳизби мухолиф ҳеҷ муносибате надоранд, бидуни шакку шубҳае ба ҷамъомад ташриф овардаанд, на ба анҷуман. Дар рӯзи дигар дар сомонаҳои иҷтимоӣ аксҳои худро ҳамчун иштирокчии анҷуман дида, бениҳоят ба ғазаб омадаанд. Ба Кабирӣ бо иттиҳоми: шумо моро номардона фиреб додед! Мо ба ҷамъомади бахшида ба Рӯзи Ваҳдат омада будем, на ба анҷумани шумо! Аксҳои моро фавран аз он ҷо бардоред! – ҳамла намуданд. Ва Олег Панфилов, ки ин аксҳоро дар ФБ ҷой дода буд, маҷбур шуд, онҳоро ба зудӣ аз он ҷо бардорад.
Пас, ба ҷуз аз нафарони фиребхӯрда иштирокчиёни он анҷуман боз киҳо буданд? Қабл аз ҳама мехоҳам дар бораи ҳамон Олег Панфилов, ки ҳамчун меҳмони фахрӣ, сармушовир ва имиджмейкери Муҳиддин Кабирӣ ҳузур дошт, чанд нуктаеро зикр намоям. Дар анҷуман Кабирӣ ба Панфилов бо бештарин таваҷҷуҳ ба унвони мураббӣ, ҳамчун ходими миқёси байналмилалӣ муносибат кард. Вақте ки Олег баромади худро ба итмом расонд, Кабирӣ аз ӯ чунин хоҳиш намуд: «Шумо ба мо кумак мекунед, ки Европарламент ва Евросоюз моро эътироф кунанд?» Олег бузургворона ваъда дод: «Албатта кумак мекунам!».
Дар асл Олег ба ин анҷуман тамоман бо мақсади дигар омада буд – мехост коре карда, мухолифони тоҷики бурунмарзӣ Россияро ҳамчун душмани асосии Тоҷикистон эълон кунанд. Бо ин кораш ӯ ният дошт қурби худро дар назди хоҷагонаш баланд бардорад – бинед, ки ман душманони нави Россияро ба миён овардам. Ба ин даъвати Панфилов Кабирӣ сукутро авлотар донист, зеро ки сердаромадтарин бизнесҳои ӯ дар нуқтаҳои гуногуни Россия ба номи хешовандони сершумораш сабт шудаанд. Чаро бояд чунин бизнеси гуногунсоҳаро зери хатар гузорад? Умуман аз Олег пешниҳоди дигареро ҳам интизор набояд шуд. Ӯ — сарбози ҷабҳаи иттилоотии ғарбист, ки собиқаи кории қариб сисола дорад. Як шахси беқавму беқабила, беватану бемазҳаб аст.
Дар оғози солҳои 90-ум ӯ аз Душанбе ба Маскав рафта (шояд ба ӯ чунин супориш дода бошанд), зери ниқоби муборизи роҳи демократияву ҳуқуқи инсон, назди Алексей Симонов – писари нависандаи машҳури рус Константин Симонов, президенти бунёди «Ҳимояи ошкорбаёнӣ» рафт. Алексей Константинович ӯро бо кор таъмин намуда, аз ӯ пуштибонӣ кард. Ҳанӯз ёд дорем, ки дар солҳои 90-ум, вақте ки муҳлати шиносномаи тоҷикии Олег ба охир расид, Симонов ба Ҳукумати Тоҷикистон мактуби ғазаболуде навишта, талаб карда буд, ки ба ӯ шиносномаи нав диҳанд. Олег тӯли солҳои зиёде зери сарпарастии Симонов фаъолият карда, ӯро падарҷон мегуфт. Симонов чун шахси зудбовар ба ӯ ҳатто амалиёти молии худро бовар мекард. Вале боре қаллобии молии Олег ифшо шуду ӯро аз бунёд пеш карданд. Падарҷонаш ба душмани ҷонаш табдил ёфт. Ва дар ҳар қадам ӯ дар ҳаққи ин мӯйсафеди муҳтарам бадгӯӣ мекард. Вақте дарк намуд, ки ин нозасогӯиҳо бар зарари худи ӯст, аллакай дер шуда буд. Нуфузи ин зиёии авлодии рус на танҳо дар Маскав, балки дар саросари Россия бузург буд. Кор то ҷое расид, ки бо Олег дигар касе салом намекард. Ӯ аз доираи ҷомеаи зиёиёни Маскав ронда шуд. Дар ин миён, ба бахти Олег моҳи августи соли 2008 байни Русияву Гурҷистон даргирии мусаллаҳона сар зад. Сарбозони Русия аз қаламрави Осетияи Ҷанубӣ гурҷиёни ишғолгарро берун ронданд. Олег низ, бидуни фикру мулоҳиза, садои худро баланд кард: ман Русияро маҳкум мекунам, маро аз ин ҷо раҳо кунед! Ӯро гирифтанду ба самти дигари ҷабҳаи иттилоотӣ — Гурҷистон партофтанд. Президенти вақти Гурҷистон Михаил Саакашвили, ки имрӯз шахси бидуни шаҳрвандӣ буда, дар ҷустуҷӯи байналмилалӣ қарор дорад, ӯро бо оғӯши боз пешвоз гирифта, ба ӯ шаҳрвандии Гурҷистон дод. Ҳамчунин ба ӯ унвони профессорӣ дода, ба вазифаи устоди яке аз донишгоҳҳои Тбилисӣ таъйинаш намуд. Олег бошад, барои доштани чеҳраи профессорӣ риш монда, ба хотири бо гурҷиҳо наздик ва худӣ шудан, ба насаби худ номи гурҷии Сандроро илова намуда, минбаъд худро Олег Панфилов –Сандро номид. Вале маълум нест, ки Олег профессори кадом ришта бошад. Шояд дар риштаи ҳарбӣ-иттилоотӣ?
Ба донишҷӯёни гурҷие, ки дарсҳои ин башараи ахлоқиро гӯш мекунанд, дилам месӯзад. Фаромӯш кардам, ки шарҳ диҳам – Олег – як башараи ахлоқӣ аст! Яке аз саҳифаҳои шармовари тарҷумаи ҳоли ӯ гувоҳи ин гуфтаҳост. Аниқ дар ёдам нест соли 1994 ё 95 рӯзномаҳои Маскав хабари ҳангоманоке ба нашр расониданд — гӯё бо фармоиши хадамоти махсуси Тоҷикистон чеченҳо Олегро латукӯб карда бошанд. Барои исботи ин гуфтаҳо дар саҳифаҳои рӯзномаҳо акси Олег бо сурати дорои нишонаҳои латукӯбшуда гузошта шуда буд. Матлабҳои дар ин хусус ба нашр расида ҳангомаи зиёдеро ба по хезонд. Вале, баъди муддати начандон тӯлоние ҳамсари тоҷиктабори Олег Лола иттилооти таҳрикомези марбут ба шавҳарашро рад намуд. Ӯ ба журналистон нақл кард, ки Олегро тавре ки худаш бешармона туҳмат карда буд, чеченҳо назадаанд, балки сурати хунолуди Олег нишонаи ҷанҷоли оилавии онҳо буд. Олег доимо писари ҳамсарашро, ки аз никоҳи аввалааш ба дунё омадааст, азоб медод. Боре, дар аснои азобҳои навбатии писараш, Лола дигар тоқат карда натавониста, ба сари Олег бо курси задааст. Зарбаҳо қавию нишонрас будаанд, натиҷа бо он анҷомидааст, ки аз сари шавҳараш хун ҷорӣ гаштааст. Вақте ки ба худ омадааст, Олег сари худро бо дока баста, аз ҳамсараш хоҳиш кардааст, ки ҷароҳатҳои вазнини сураташро барои пиар кардан истифода бурда, онро ба гардани хадамоти махсуси Тоҷикистон ва чеченҳо зананд. Бар ивази он Олег ба ҳамсараш ваъда дод, ки дигар бо писари ӯ муомилаи бад намекунад ва ҳатто мекӯшад, ки ӯро дӯст дорад. Зуд ба гурӯҳи журналистони шиносаш телефон карду баъди чанде аллакай хонаашон аз хабарнигорони нашрияҳои гуногун пур шуд. Олег бо сари баста ба таври муфассал оид ба лату кӯб шуданаш аз ҷониби чеченҳо сухан гуфт. Ва бидуни шакку шубҳа ин қазияро супориши хадамоти махсуси Тоҷикистон хонд. Журналистон бо як овоз пурсиданд: чаро ба милитсия муроҷиат накардед? «Не, не! Хеҷ мумкин не. Бо чеченҳо шӯхӣ кардан, оқибат надорад!»- ҷавоб дод Олег.
Натиҷаи ин пиаркомпанияи шармовар мақолаи ифшокунандаи рӯзномаи «Век»-и Маскав таҳти унвони «Қиссаи курсиҳои шикаста» гардид. Он замон Олег ин шармандагиро оромона қабул кард. Виҷдонаш ҳеҷ азобаш надод, зеро ӯ ҳеҷ гоҳ виҷдон надошт.
Боз як дӯстдори пиари Кабирӣ дар «анҷуман» (тоқатам тоқ шуд, минбаъд ин калимаро дар нохунак мегирам)- Темури Варқии бечораву дармонда буд. Барои чунин бечорагону дармондагоне чун Темур набояд ҳеҷ гоҳ раҳми кас биёяд! Зеро барои ба чунин ҳолат расидан худи онҳо гунаҳкоранд! Ва ба хотири «қути лоямут»-е ҳозиранд дар симои иблис нақши фариштаро бибозанд! Ҷубронпулии Темури ниммуҳоҷир дар Фаронса сесад евроро ташкил мекунад, ки он ба сесад сомонӣ дар Тоҷикистон баробар аст. Ва инак, Кабирӣ ба ӯ вазифаи мубаллиғ (пиаркунанда)-ро пешниҳод мекунад. Чаро розӣ нашавад? Барои пешбурди зиндагӣ айни муддаост. Ҳокимият – фоҷеае беш нест, ҲНИТ бошад, бо роҳбарии Кабирӣ — наҷоти Тоҷикистон аз ин фоҷеа аст! – ин аст маънои маводҳои таблиғотии ӯ. Дар яке аз мусоҳибаҳояш ӯ тақрибан чунин изҳор карда буд: ҲНИТ на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар тамоми минтақа қувваи таъсиргузор аст. То ҳадде таъсиргузор аст, ки ҳатто қодир аст вазъияти …Афғонистонро ба эътидол оварад! Бо ин мақсад ҲНИТ омода аст байни ҷонибҳои даргир дар ин кишвар ҳамчун миёнарав бошад. Аз ин мебарояд, ки то чӣ андоза Ҷорҷ Буш, Барак Обама, Доналд Трамп ва дигар пешвоёни кишварҳои НАТО дурандеш набудаанд! Онҳо то ба ҳол таъсиргузортарин қувваи минтақаро дарк накардаанд, ки ба доҳии бузурге чун Муҳиддин Кабирӣ муроҷиат кунанд! Ва бо беандешагӣ дар ин кишвар миллиардҳо долларро сарф мекунанд! Пешвоёни кишварҳои даргир дар Афғонистон чӣ? Бояд онҳо кайҳо барои кумак ба Кабирии бузург муроҷиат мекарданд ва ӯ дар як соат онҳоро оштӣ медоронд! Онҳо бошанд ҷангу набард карда, ҳамдигарро мекушанду мекушанд!
Мегӯянд, ки Темур ба забони русӣ шеърҳои хуб менависад. Чизе дар ин бора гуфта наметавонам, зеро нахондаам. Вале эссеи ӯро бо номи «Тоҷикони ман» дар яке аз маҷаллаҳои Россия бо завқ хондаам. Мутаассифона, дар замони мо бо эҷодиёти адабӣ зиндагиро пеш бурдан имконнопазир аст. Бинобар ин ҳам барои дурӯғи аҳмақонаи хандаовари Темур ӯро маҳкум кардан нашояд, балки ӯро фаҳмидан мумкин. Зиндагӣ маҷбур мекунад, ки дурӯғ гӯӣ.
Ба ҳар ҳол дар «анҷуман»-е, ки барои ташкил шудани Эътилоф даъват шуда буд, чӣ гузашт? Ин «анҷуман» на, балки намоишномаи таблиғотӣ (пиарӣ) барои бузургдошти Муҳиддин Кабирӣ буд, ки аз ҷониби коргардонҳои ноуҳдабаро таҳия шуда буд. Дар толор аксҳои Кабирӣ овехта шуда, дар зери онҳо аз баромадҳо, изҳорот ва мусоҳибаҳояш иқтибосҳо оварда шуда буданд. Пеш аз оғози намоишнома яке аз фаъолон қатор ба қатор гашта, иштирокчиёнро таъкид мекард, ки вақте барои баромад кардан сухан ба Ҷанобашон дода шуд, бояд аз ҷоятон хезед ва қарсак занед! Яке аз иштирокчиёне, ки ба «анҷуман» не, балки барои ҷамъомад омада буд, ин мубаллиғи аблаҳро бо се ҳарфи бисёр маъмули алифбои русӣ дашном дод! Аз одоб берун ҳам бошад, вале арзанда! Ҷанобашон гуфта, Кабириро дар назар дошт!
Вале Эътилоф барпо нашуд. Бо кӣ ҳам ин Эътилоф бояд барпо мегардид?! Бо мубаллиғони Кабирӣ? Онҳо бе ин ҳам ҳамроҳаш ҳастанд, то он даме ки Кабирӣ ба онҳо ҳақ медиҳад. Ба ғайр аз ҲНИТ дар «анҷуман» танҳо «Гурӯҳи 24»-и масхара муаррифӣ гардид. Тавре ки маълум аст, ин гурӯҳ, ки худро мухолифини оштинопазир эълон кардааст, аз ҷавонони комилан бемаълумоти Даврони истиқлолият ташкил ёфтааст. Замоне роҳбари онҳо раҳматии Умаралӣ Қувватов ширкати «Фароз»-ро бо якчанд миллион доллар партофта, аввал ба Россия, сипас ба Туркия гурехта, худро мухолиф эълон намуд. Ин ҷавонони бесавод, ки дар атрофи Кабирӣ чарх мезаданд, бепул монда, ба дунболи ӯ часпидаанд. Ҳамин тавр, «мухолифин»-и дигаре берун аз кишвар созмон ёфт. Маҳз ба ҳамин ҷавонони гумроҳ мустақиман муроҷиат карданиям.
Кӯдакҳо! Ҳар вақте ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ шумо муроҷиатҳои зиддиҳукуматии худро бо лаҳҷаи тоҷикӣ мегузоред, худро дар тамоми олами равшан шарманда мекунед! Бовар кунед, бо сарҳои тиҳӣ аз ақл шумо метавонед танҳо дар сохтмонҳои Россия чун коргар фаъолият намоед ва ё дар бозорҳои ин кишвар бананфурӯшӣ кунед, вале тамоман сиёсатмадор шуда наметвонед. Бинобар ин ҳам ба шумо як маслиҳати муфид медиҳам – дар навбати аввал яку якбора ду муаллим киро кунед – муаллими забону адабиёти тоҷик ва забони русӣ. Вале ба инобат гиред! Барои аз бар намудани ин ду забон бояд теъдоди зиёди китобҳоро бихонед! Ҳамин тавр, мунтазам аз бачагони бомаърифат хоҳед шуд ва ё шояд сиёсатмадор ҳам шавед.
Ман Кабириро беасос ҳарису пулпараст наменомам. Ҳанӯз дар Тоҷикистон Кабирӣ дар баробари доштани яке аз бозорҳои сердаромадтарини кишвар, инчунин дар асоси сиёсат бизнеси худро ба роҳ монд. Тибқи ақидаи Маркс, иқтисодиёт – зербино ва сиёсат-рӯбиност. Кабирӣ бошад, дар таҷриба баръакси онро исбот кард. Бисту панҷ сол аст, ки Эрон сарпарасти асосии ҲНИТ ба шумор меравад. Тӯли ин солҳо ҳизби мазкур маблағҳои ҳангуфти ин кишварро аз бар намудааст, хусусан дар вақти интихоботи президентии соли 2013, сипас дар интихоботи парламентӣ. Барои таъсиси телевизион махсус ба ҳизби мазкур гранти бузурге ҷудо шуда буд. Ҳамаи ин маблағҳоро шахсан Кабирӣ таҳти назорати худ гирифта буд. Танҳо худи ӯ медонад, ки ин пулҳо куҷо шуданд. Вақте Эрон бо шубҳа дар қаллобии молӣ аз ӯ ҳисобот талаб кард, Кабирӣ ҷавоб дод: «Чӣ хел ҳисобот?! Фаромӯш кардед, ки соли 2015 ҳизбро террористӣ эълон карданд? Тамоми соҳибмансабони ҳизб зиндонӣ шуданд, маблағҳо низ гум шуданд! Беҳтараш ба ман боз пул диҳед! Агар надиҳед, аз душманонатон – кишварҳои араб мегирам!».
Дидед, чӣ тавр сарпарастонро мумкин аст таҳдид кард? Ҳеҷ бовар карданӣ нест, ки пулҳои ҳизб гум шуда бошанд. Кабирӣ ҳанӯз ним сол қаб аз кӯшиши табаддулоти давлатӣ оҳиста Тоҷикистонро тарк карда буд. Пулу хешовандони бешуморашро орому сокит ба ҷойҳои амн кӯчонида, бизнесашро ба номи онҳо гузаронида, худаш мақоми ниммуҳоҷир гирифта, Аврупои серу пурро маскан гузид. Инак, ӯ дар иҳотаи балегӯякҳояш, бо мерседеси модели навтарин дар кӯчаҳои Аврупо ҳаракат мекунад. Ҳеҷ бовар карданӣ нест, ки ӯ аз иштироки ҳаммаслаконаш дар тирамоҳи соли 2015 хабар надошта бошад. Ӯ онҳоро дар нимароҳ партофт! Онҳо акнун барои ӯ мурдаанд!
Кабирӣ акнун ташвишҳои дигаре дорад. Бояд созмони сиёсии ҷадидеро ташкил дод. Бояд сарпарастонро муътақид кард, ки ӯ қувваи сиёсии воқеист ва бояд бо ҳар роҳе набошад аз онҳо пул ситонида, бизнеси нави худро ба роҳ монад, бизнесе, ки дар пояи сиёсат асос ёфта бошад. Муҳим нест ин ташкилот чи гуна номгузорӣ мешавад. Агар сарпарастон талаб кунанд, ки аз он номи Ислом бардошта шавад, мебардорад. Хулласи калом, сиёсат барои Кабирӣ — бизнес аст!
«Анҷуман»-и навбатии «мухолифон»-и бурунмарзии тоҷикон ба қарибӣ дар Варшава баргузор хоҳад шуд. Яъне ки, ҳоло боз хоҳем хандид.