Корманди Комиссариати ҳарбии ноҳияи Ҳамадонӣ барои тайёр намудани билети ҳарбии қалбакӣ дастгир шуд
ДУШАНБЕ, 25.09.2017 /АМИТ «Ховар»/. Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз боздошти сардори зершуъбаи даъват ва тайёрии ҷавонон ба хизмати ҳарбии Комиссариати ҳарбии ноҳияи Ҳамадонӣ Авазхон Шайхов барои тайёр намудани билети ҳарбии қалбакӣ иттилоъ медиҳад.
Тибқи иттилои Агентӣ, номбурда барои тайёр намудани билети ҳарбии ғайриқобили хизмати ҳарбӣ аз С. Орифов 400 доллари амрикоӣ ва 250 сомонӣ гирифта, бар ивазаш ба ӯ билети ҳарбии қалбакӣ додааст.
Вобаста ба ҳолати зикргардида нисбат ба Авазхон Шайхов бо моддаи 247 қисми 3, банди «а» ва 323 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ ба анҷом расида, айни ҳол барои баррасӣ ба суд ирсол карда шудааст.








Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад






