«Корвони саломатӣ» — дар шаҳри Хоруғ. Ташхис ва табобати ройгони беморон идома дорад
ХОРУҒ, 01.09.2017 /АМИТ «Ховар»/. Як гурӯҳ табибон ва мутахассисони варзидаи соҳаи тиб дар чаҳорчӯби амалиёти «Корвони саломатӣ» пас аз ташхис ва табобати ройгони сокинони ноҳияҳои Дарвозу Ванҷ ва Рӯшон ба шаҳри Хоруғ омаданд. Мутахассиси Муассисаи давлатии Маркази ҷумҳуриявии ташаккули тарзи ҳаёти солим Мусо Абдуқаҳҳоров гуфт, ки «ин амали хайр бо ибтикори Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ шудааст. Мақсади асосии он ба ташхис ва муолиҷа фаро гирифтани қишри камбизоати ҷомеа аст, аммо ҳар сокини дигари шаҳр низ метавонад барои ташхис, табобат ва ё маслиҳат ба табибон муроҷиат кунад. Дар муддати бештар аз се рӯз табибон дар беморхонаи вилоятӣ дар ҳамкорӣ бо ҳамкасбонии маҳаллии худ чанд амалиёти ҷарроҳӣ гузарониданд».
Дар баробари расонидани кумаки тиббӣ бо ибтикори «Корвони саломатӣ» дар марказҳои саломатию бунгоҳҳои тиббии шаҳру ноҳияҳо гӯшаи «Гиёҳдармонӣ» ва маводи иттилоотиву маърифатӣ оид ба роҳҳои пешгирӣ ва табобати бемориҳо ташкил карда шуд.
Сокини шаҳри Хоруғ Ҷобиршо Хубоншоев ба ин амали хайри табибон таҳсин хонда гуфт, ки «чанд моҳ боз дарди дил ӯро азият медиҳад ва қасд дошт, ки барои ташхис ва табобат ба шаҳри Душанбе сафар кунад. Аммо имрӯз бидуни харҷи сафар ва хароҷоти ташхису табобат ба ӯ кумаки тиббии ройгон расониданд».








Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе






