Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе сокинону меҳмонони пойтахтро ба тамошои барномаҳои фарҳангӣ даъват менамояд
ДУШАНБЕ, 21.09.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи барномаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бахшида ба Соли ҷавонон ҳар ҳафта дар рӯзҳои истироҳатӣ дар боғҳои фарҳангиву фароғатии пойтахт барномаҳои фарҳангӣ доир мегарданд.
Тавре аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, рӯзҳои 23-24 сентябр дар боғҳои мазкур барномаҳои фарҳангӣ доир мешаванд.
23 сентябр дар Боғи «Дӯстии халқҳо» дастпарварони Коллеҷи омӯзгории ба номи Хосият Махсумова, дар «Кӯли ҷавонон» ҳаваскорони Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур, дар Боғи «Парчами давлатӣ» ҳунармандони МД «Ансамбли давлатии хизматнишондодаи рақсии «Лола» ба номи Ғаффор Валаматзода, дар Боғи «Устод Рӯдакӣ» санъаткорони МД «Иттиҳодияҳои давлатии гурӯҳҳои эҷодию консертӣ», дар Боғи «Ирам» санъаткорони Муассисаи давлатии сафарию ҳунарии «Базморо» ҳунарнамоӣ карда, ҳамчунин дастовардҳои олимони ҷавони Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба намоиш гузошта мешаванд. Дар майдони «800-солагии Москва» ҳунармандони Раёсати фарҳанги мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо барномаҳои ҷолибу рӯҳнавоз хотири ҳаводорони санъати мусиқиро болида мегардонанд.
Рӯзи якшанбе – 24 сентябр ин барномаҳои фарҳангиро дар Боғи «Дӯстии халқҳо» ҳаваскорони Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон, дар «Кӯли ҷавонон» санъаткорони Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев, дар Боғи «Парчами давлатӣ» ҳунармандони бахши фарҳанги Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ, дар Боғи «Устод Рӯдакӣ» дастпарварони Коллеҷи санъати ба номи Аҳмад Бобоқулови шаҳри Душанбе, дар Боғи «Ирам» ҳаваскорони Донишгоҳи славянии Россия –Тоҷикистон, дар «Майдони 800-солагии Москва» санъаткорони «Ансамбли тарона ва рақси «Сомон» доир менамоянд.
Хотиррасон менамоем, ки дар ҳамаи боғҳои фарҳангию фароғатии пойтахт барномаҳои фарҳангӣ соати 18:00 оғоз мегарданд.








«САЙРИ САДА». Бо ҷалби меҳмонону сайёҳони хориҷӣ дар Душанбе хатсайри сайёҳии ройгон ташкил карда шуд
Дар шаҳри Душанбе муҷассамаи майори милитсия Мулло Нуров гузошта мешавад
Рустами Эмомалӣ аз Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дархост намуданд, ки кори мақомоти шаҳри Душанберо санҷад
«САЙРИ САДА». Барои меҳмонону сайёҳони шаҳри Душанбе хатсайри ройгони сайёҳӣ ташкил карда мешавад
Рустами Эмомалӣ: «Соли 2025 дар шаҳри Душанбе 62 корхонаю коргоҳи нави истеҳсолӣ ба истифода дода шуд»
«БА ҚАДРИ ЗАҲМАТИ ДИГАРОН БОЯД РАСИД!». Чаро мо масъулияти шаҳрнишиниро риоя намекунем?
Тарҳи нави лоиҳаи «Харитаи электронии шаҳри Душанбе» муаррифӣ гардид
АЗ НАВОВАРӢ ТО РУШДИ УСТУВОР. Мавқеи Душанбе ҳамчун маркази сайёҳӣ дар минтақа тақвият меёбад
Рустами Эмомалӣ бо мақсади бунёди Маҷмааи эҳёи хотираи таърихӣ бо бостоншиносону таърихнигорон вохӯрӣ намуданд
Имрӯз иҷлосияи чоруми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум доир гардид
ДУШАНБЕ-ШАҲРИ САБЗ. Дар пойтахт зиёда аз 12 миллион дона гулҳои мавсимию бисёрсола шинонида мешаванд
Бо иштироки 2500 нафар кӯдакон дар Душанбе барномаи фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор гардид






