Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе сокинону меҳмонони пойтахтро ба тамошои барномаҳои фарҳангӣ даъват менамояд

Сентябрь 21, 2017 11:07

ДУШАНБЕ, 21.09.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи барномаҳои мақомоти  иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бахшида ба Соли ҷавонон ҳар ҳафта дар рӯзҳои истироҳатӣ дар боғҳои фарҳангиву фароғатии пойтахт барномаҳои фарҳангӣ доир мегарданд.

Тавре аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, рӯзҳои 23-24 сентябр дар боғҳои мазкур барномаҳои фарҳангӣ доир мешаванд.

23 сентябр дар Боғи «Дӯстии халқҳо» дастпарварони  Коллеҷи омӯзгории ба номи Хосият Махсумова, дар «Кӯли ҷавонон» ҳаваскорони Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур, дар Боғи «Парчами давлатӣ» ҳунармандони  МД «Ансамбли давлатии хизматнишондодаи рақсии «Лола» ба номи   Ғаффор Валаматзода, дар Боғи  «Устод Рӯдакӣ» санъаткорони МД «Иттиҳодияҳои давлатии гурӯҳҳои эҷодию консертӣ», дар Боғи «Ирам» санъаткорони  Муассисаи давлатии сафарию ҳунарии «Базморо» ҳунарнамоӣ карда, ҳамчунин дастовардҳои олимони ҷавони Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба   намоиш гузошта мешаванд. Дар майдони «800-солагии  Москва»  ҳунармандони Раёсати фарҳанги мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе  бо барномаҳои ҷолибу рӯҳнавоз  хотири ҳаводорони санъати мусиқиро болида  мегардонанд.

пойтахт 2Рӯзи якшанбе – 24 сентябр  ин барномаҳои фарҳангиро дар  Боғи «Дӯстии халқҳо»  ҳаваскорони Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон,  дар «Кӯли ҷавонон»  санъаткорони Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев, дар Боғи «Парчами давлатӣ» ҳунармандони бахши  фарҳанги Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии  ноҳияи Исмоили Сомонӣ, дар Боғи  «Устод Рӯдакӣ» дастпарварони Коллеҷи санъати ба номи Аҳмад Бобоқулови шаҳри Душанбе, дар Боғи «Ирам» ҳаваскорони Донишгоҳи славянии Россия –Тоҷикистон,  дар «Майдони 800-солагии  Москва»  санъаткорони «Ансамбли тарона ва рақси «Сомон» доир менамоянд.

Хотиррасон менамоем, ки дар ҳамаи боғҳои фарҳангию фароғатии пойтахт барномаҳои фарҳангӣ соати 18:00  оғоз мегарданд.

Сентябрь 21, 2017 11:07

Хабарҳои дигари ин бахш

Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳорови ноҳияи Фирдавсии пойтахт бо гузоштани санги асос ба сохтмони 3 эстакада ва як пул оғоз бахшиданд
Бо мақсад рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба музофоти Хайнани Чин сафар намуд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз аз маҷмааи сайëҳию истироҳатии «Чорчаман» дидан намуданд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Рустами Эмомалӣ дар деҳоти Қалъаи Хумби ноҳияи Дарвоз бо фаъолияти комплекси сайёҳии «ЗЕВ-С» ва намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ бо сафари корӣ ба ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ташриф оварданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Бо қарори Раиси шаҳри Душанбе Рӯзи Президент дар пойтахт дар сатҳи баланди ташкилӣ таҷлил мешавад
Бо мақсади тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба Чин сафар намуд
Қарори Раиси шаҳри Душанбе оид ба омодагӣ ва таҷлили Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расид
АЗ ВОДИИ РАШТ ТО ИСКАНДАРКӮЛ. Хатсайрҳои сайёҳии дохилӣ ба минтақаҳои сайёҳии Тоҷикистон анҷом ёфтанд