«MADE IN TAJIKISTAN!». Маҳсулоти истеҳсоли Тоҷикистон дар «World Food Moscow-2017» соҳиби ду медали тилло ва нуқра гардиданд!
ДУШАНБЕ, 19.09.2017/АМИТ «Ховар»/. Ширкатҳои истеҳсолии Тоҷикистон дар намоишгоҳи 26-уми байналмилалии хӯроквории «World Food Moscow-2017», ки дар пойтахти Россия баргузор гардид, соҳиби ду медали тилло ва нуқра гардиданд. Дар бахши «Бастубанд ва беҳтарин сифат» миёни қариб 900 иштирокчӣ аз 16 кишвари ҷаҳон оби маъдании «Ҳавотоғ -1 Докторская» ва оби «Шаффоф» бо медали тилло ва дар номгӯи «Беҳтарин маҳсулоти сол оид ба сифат ва ороиши аслӣ» зарфи шишагини нӯшокии «Лимонад» ва оби «Шаффоф»-и ширкати «Euro Asia 2005» соҳиби медали нуқра гардиданд.
Бояд тазаккур дод, ки дар намоишгоҳи 26-уми байналмилалии хӯроквории «World Food Moscow-2017» Ҷумҳурии Тоҷикистонро 7 ширкати истеҳсолӣ намояндагӣ карда, маҳсулоти тавлидотии худро зери тамғаи «Made in Tajikistan» ба намоиш гузоштанд. Дар доираи намоишгоҳ намояндагони ширкатҳои истеҳсолии Тоҷикистон имкон пайдо карданд, ки бо ҳамтоёни худ аз Россия ва дигар кишварҳои хориҷӣ иртибот барқарор намоянд, то дар оянда ҳамкориро тақвият бахшида, барои интиқоли маҳсулоти хушсифтаи табиии «Made in Tajikistan» замина гузоранд.
Мавриди зикр аст, ки иштироки намояндагони ширкатҳои истеҳсолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар намоишгоҳи байналмилалии «World Food Moscow-2017» дар доираи лоиҳаи Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид оид ба «Пешбурди тиҷорат дар Осиёи Марказӣ», ки аз ҷониби Ҳукумати Финляндия маблағгузорӣ мегардад, сурат гирифт.









Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад






