«МАКТАБИ СУЛҲОФАРИИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР РУШДИ ДЕМОКРАТИЯ ДАР АРСАИ ҶАҲОН САҲМ ХОҲАД ДОШТ!» Андешаҳои Рустам Ҳайдаров ба муносибати Рӯзи умумиҷаҳонии демократия

Сентябрь 15, 2017 17:16

ДУШАНБЕ, 15.09.2017 /АМИТ «Ховар»/. Тибқи Қатъномаи Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид таҳти №А/RES/62/7 аз 13 декабри соли 2007 ҳамасола 15 сентябр ҳамчун Рӯзи  байналмилалии демократия таҷлил карда мешавад. Тавре Уинстон Черчил гуфтааст: «Ҳеҷ чиз бадтар аз демократия нест, вале инсоният то ҳол чизе беҳтар аз он кашф накардааст».

Тибқи моддаи 1-уми Конститутсияи  ҶТ : «Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона мебошад».  Яъне Рӯзи байналмилалии демократия барои мо низ ид аст.

Дар робита ба ин мавзӯъ  хабарнигори АМИТ «Ховар» бо  доктори илмҳои  фалсафа, мудири шуъбаи сиёсатшиносии  Пажӯҳишгоҳи фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон  Рустам Ҳайдаров ҳамсуҳбат гардид.

АМИТ «Ховар»:  Калимаи «демократия» аз ду  вожаи  юнонӣ «demos», яъне халқ ва «kratos», яъне ҳокимият ба вуҷуд омада, маънояш «ҳокимияти халқ» аст.  Оё имрӯз ин ибора пурра маънои этимологии мафҳуми «демократия»-ро ифода карда метавонад?

Рустам Ҳайдаров: Мо дар забони тоҷикӣ муродифи беҳтарини  мафҳуми “демократия»-ро дорем —  «мардумсолорӣ». Аслан ин яке аз шаклҳои идоракунии сиёсию давлатии ҷомеа мебошад…

АМИТ «Ховар»: Баъзеҳо чунин андеша доранд, ки гӯё демократия ба муҳити Шарқ созгор нест. Оё ин дуруст аст?

Рустам Ҳайдаров: Не, дуруст нест. Агар ба гузаштаи халқи тоҷик нигарем, дар мо анъанаҳои мардумсолорӣ мавҷуд буданд ва дар ҳар давру замон дар байни шаҳриёр, роҳбари давлат ва  мардум як навъ гуфтугӯ, як навъ робита  сурат мегирифт. Баъди он ки  мо бо  кӯшишу талошҳои беназири Сарвари давлатамон,  Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истиқлолияти комили давлатӣ  ноил гаштем, Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон  таъсис дода шуд, аҳзоби дигар низ ба майдон омаданд, ҳаракату созмонҳои зиёд ба фаъолият шуруъ намуданд, парлумони касбӣ ба вуҷуд оварда шуд, Тоҷикистон ба бисёр ташкилоту созмонҳои бонуфузи олам шомил шардид – ҳамаи ин таҳавуллот ва дигаргуниҳои сиёсӣ   бо  такя   ба анъанаи мардумсолории миллати тоҷик сурат гирифтаст. Мо гуфта метавонем, ки мафҳуми мардумсолорӣ ё демократия барои мардуми тоҷик калимаи нав нест ва ин анъанаҳоро мо дар даврони пеш ҳам доштем.

демократия 22АМИТ «Ховар»: Шакли ба назари Шумо аз ҳама беҳтари иштироки шаҳрвандон дар низоми демкоратӣ  чӣ гуна  аст?

Рустам Ҳайдаров: Низоми демократӣ низомест, ки дар он шаҳрванд на танҳо ҳуқуқҳо, балки вазифаҳо низ дорад. Вақте мегӯем, ки давлат бояд ҳуқуқҳои инсонро ҳимоя намояд, дар баробари ин шаҳрванд низ дар назди давлат вазифаю уҳдадориҳои худро дорад, ки бояд онҳоро иҷро намояд, аз ҷумла риояи Конститутсия, фаъолона иштирок намудан дар умури ҷамъиятӣ, ҳалли масъалаҳои мубрами ҷомеа.

Метавон гуфт, ки айни замон мо тавонистем дар рушди зинаи аввалине, ки ба институти демократия тааллуқ дорад, яъне ба ташаккули  ниҳоди худидоракунии маҳаллӣ замина гузорем. Дар  ин ниҳод  роҳбари он  ба таври овоздиҳии озоди  тамоми маҳалла интихоб мешавад . Баъдан   ин ниҳодҳои худидоракунии маҳаллӣ бо мақомоти иҷроияи  шаҳр, ноҳия, вилоят  ҳамкорӣ мекунанд ва дар якҷоягӣ дар ҳалли масъалаҳои рӯзмарраи иқтисодию  иҷтимоии ин ё он  минтақа тасмим мегиранд. Институт ё худ ниҳоди худидоракунии маҳаллӣ — ин аввалин падидае буд, ки аз тарафи давлат дастгирӣ ёфт ва Ҳукумати  Тоҷикистон кӯшиш намуд, ки ин сохторро бо қабули қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрнии ҳуқуқӣ тақвият бахшад ва онро фаъол намояд. Яъне дар кишвари мо институти аввалини демократия- ин институти худидоракунии маҳал аст, ки хеле фаъол кор мекунад ва фикр мекунам, ки яке аз дастовардҳои олии рушди демократияи Тоҷикистон аст.

АМИТ «Ховар»: Яъне, иштироки мардум дар ҳалли масъалаҳои сиёсӣ хеле муҳим аст…

Рустам Ҳайдаров: Бале, иштироки мардум на танҳо дар ҳалли масъалаҳои сиёсӣ, балки дар баррасӣ ва ҳалли масъалаҳои мубрами   иқтисодию иҷтимоӣ низ бояд фаъол бошад. Инро мо  дар қабули лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» баръало дидем.  Мардуми мо фаъол буданд ва бисёр пешниҳодҳое, ки ба ин қонун ворид карда шуданд, бо ибтикори худи мардум ва сокинони маҳаллаҳо сурат гирифт. Ин нишонаи  он аст, ки равобит миёни давлат ва мардум хеле фаъол аст  ва, аз тарафи дигар, ин гувоҳӣ аз он медиҳад, ки мардум дар давлати демократӣ-мардумсолори Тоҷикистон дар қабул намудани қонунҳо хеле фаъолона саҳм мегузоранд.

Демократия 23АМИТ «Ховар»: Дар як қатор давлатҳои дунё, ки худро демократӣ меноманд, баъзан арзишҳои демократӣ поймол карда мешавад. Шумо мушоҳида кардаед?  

Рустам Ҳайдаров:  Чунин ҳолатҳо ҳам ҳастанд.  Баъзан мешавад, ки худи мамлакатҳои Ғарб, ки арзишҳои демократиро фаъолона  тарғиб месозанд,  дар амал  сиёсати  «меъёрҳои дугона» (ё стандарнтҳои дугона)-ро пиёда мекунанд. Яъне дар ин кишварҳо барои худашон  як демократия мавҷуд аст ва  барои дигарҳо навъи дигари демократия.  Онҳо   кишварҳоеро, ки он ҷо баъзе мушкилиҳо мавҷуданд, танқид  мекунанд ва мегӯянд, ки дар ин кишварҳо демократия нест. Ин  сиёсати «меъёрҳои дугона», албатта, падидаи хеле манфӣ аст, ки ба коҳиш ёфтани арзишҳои демократӣ оварда мерасонад. Мо медонем, ки дар бисёр мамлакатҳои Аврупо дар айни замон террористони байналмилалӣ ва ифротгароёни динӣ, ки дар ҷустуҷӯи байналмилалӣ қарор доранд, мақоми паноҳандагӣ меҷӯянд. Ҳатто дар Сурия ҳам чунин иттилоъ дарёфт шуд, ки  ҷангҷӯёни баландмартабаи ДИИШ, ки онҳо аз тарафи қӯшунҳои ҳарбии давлати Сурия шикаст дода шудаанд, бо ибтикори баъзе давлатҳои ба ном демократии Аврупо аз он минтақа бароварда шуда истодаанд. Албатта, ин амал ба худи раванди демократиягароӣ ҳамчун дастоварди олии  инсонияти муосир таъсири  хеле манфӣ мерасонад.

АМИТ «Ховар»: Ва ё ҳаводиси охири Полшаро мисол гирем. Шумо медонед, ки чанде пеш дар Варшава ҷаласаи анъанавии Бюрои оид ба ҳуқуқи инсони САҲА (ОБСЕ) баргузор гардид. Ин созмони байналмилалӣ бо Ҳукумати Тоҷикистон шартнома ба имзо расонидааст ва  ва ба ҷойи он ки бо Ҳукумати мо ҳамкорӣ кунад, ба ҷаласаҳояш фаъолони ҲНИТ-ро роҳ медиҳад, ки дар Тоҷикистон бо қарори Суди Олӣ ташкилоти экстремистию террористӣ эълон шудааст ва раиси ин ҳизб ва бисёр аъзоёнаш мавриди ҷустуҷӯи Интерпол, мақомоти амниятии давлатҳои узви СҲШ, СААД ва ИДМ қарор доранд. Ҳол он ки САҲА таъриф мекунад, ки гӯё барои таҳкими демократия, ба муқобили терроризму экстремизм ва дигар ҷиноятҳои фаромиллӣ мубориза мебарад. 

Рустам Ҳайдаров:   Бале, ана чунин муносибат пиёда кардани сиёсати «меъёрҳои дугона» аст, ки ба худи демократия зарар дорад. Новобаста ба ин, мо тоҷикон ҳаракат мекунем, ки ба дастовардҳои беҳтарини демократие, ки дар ҷаҳон мавҷуданд, такя намоем. Мо тавонистем  дар асоси арзишҳои мардумсолории анъанавие, ки  хоси миллати мо буд,  давлати амалан  ҳуқуқбунёд, демокративу дунявии худро барпо намоем. Албатта, ҳоло дар ин самт бояд кӯшишҳои зиёде амалӣ карда шаванд. Мо тавонистем пас аз даргириҳои ҷанги шаҳрвандӣ сохти конститутсиониро ҳимоя намуда, ниҳодҳои гуногуни демократиро дар Тоҷикистони соҳибистиқлол ба вуҷуд оварем.

Чанде қабл дар ҷомеаи мо як ниҳоди нав, яъне ниҳоди Пешвои миллат бо ибтикори тамоми қишрҳои ҷомеаи тоҷик таъсис ёфт, ки ин ҳам барои муттаҳид намудани давлат, ибтикороти мардум барои сохтмони давлати мардумсолорӣ, рушди демократия, рушди иҷтимоӣ ва сиёсии Тоҷикистон хизмати худро мерасонад.  Вақте мо дар бораи рушди демократия сухан мегӯем, бояд ҳатман аз ташаккули ниҳоди президентӣ ҳамчун зарурати таърихӣ  ёдовар шавем.

АМИТ «Ховар»: Ин яке аз  унсурҳои демократия аст, ниҳоди (ё институти) президентӣ, Рӯзи Президент…

Рустам Ҳайдаров:    Тасаввур кунед, баъди  ба даст овардани  Истиқлолияти давлатӣ  ватани мо ба гирдоби низои шаҳрвандӣ  дармонд…

АМИТ «Ховар»: Аниқтараш, баъи қабули Эъломияи истиқлолияти давлатӣ, худи Истиқлолияти воқеии давлатӣ дертар ба даст омадааст…

Рустам Ҳайдаров:  Дуруст мегӯед.  Дар чунин  вазъияти мураккаби  сиёсӣ — иҷтимоӣ  маҳз  ташаккули ниҳоди президентӣ, ки бо ибтикори Эмомалӣ Раҳмон сурат гирифта буд, метавонист моро аз оташи  ин низоъ раҳоӣ бахшад. Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Пешвои  сиёсӣ ва роҳбари давлат дар ҳамон замони  барои миллати тоҷик  фоҷиабор  тавонист мавқеи комилан дурусти сиёсиро интихоб намуда, ба тоҷикон сулҳу субот оварад. Рушди ояндаи мамлакат ва интихоби роҳи дигаргунсозии демократии ҷомеа, сулҳу субот, ваҳдати миллӣ бевосита ба ниҳоди президентӣ вобаста аст ва  меҳвари он Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Фикр мекунам, ки дар оянда ҳам мо метавонем бо такя ба ниҳодҳои демократие, ки дар ҷомеаи мо вуҷуд доранд, боз ҳам бештар рушд намоем ва  барои Ватани худ хизмати зиёд намоем.

АМИТ «Ховар»: Демократия мутлақ буда метавонад?

Рустам Ҳайдаров: Демократия ба андешаи ман, ин як идеал ва нуқтаест, ки мо мехоҳем ба он бирасему дастрас намоем. Дар ҷаҳон ягон давлати мутлақи демократӣ мавҷуд нест. Давлате, ки дар он демократия пурра ғалаба карда бошад, ҳоло ба назар намерасад. Давлатҳое мавҷуданд, ки дар радифи давлатҳои демократӣ дар мақомҳои гуногун истодаанд, яке пешсаф, дигаре дар миёна ва сеюмӣ ҳамакнун дар роҳи демократӣ қадамҳои нахустин мениҳад. Демократия як раванди доимоамалкунанда ва зиндаест, ки ҳаргиз хотима намеёбад. Вақте давлат рушд меёбад, сохторҳо низ рушд мекунанд ва дар ҷомеа сохторҳои мухталифе ҳастанд, ки баъзан кӯҳна мешаванд ва  бояд иваз карда шаванд. Ин раванди мардумсолорӣ раванди доимоамалкунанда аст ва мардум бояд доимо аз болои он кор кунанд, онро беҳтару хубтар намоянд.

Дар Амрико, ки ватани демократияаш меноманд, ҳанӯз ҳам дар масъалаи рушд додани демократия ва  ниҳодҳои демократӣ кор бурда истодаанд. Дар кураи Замин ягон кишвари ба таври мутлақ демократӣ мавҷуд нест. Давлати Тоҷикистон кишвари соҳибистиқлолест, ки нав ба синни 26 қадам ниҳодааст ва, албатта, дар ин ҷо камбудиҳо ҳастанд. Новобаста ба ин, самти стратегии давлати мо ва самте, ки онро Пешвои миллат муайян кардааст, ин бунёд ва  рушд додани давлати дунявӣ, демократӣ ва ҳуқуқбунёд аст. Аз ин рӯ мо аз ин роҳ пас намегардем.  Ҳама тоҷикони ватандор ва тамоми тоҷикистониён  имрӯз дар атрофи Пешвои миллат, Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон муттаҳид мегарданд ва ман боварии комил дорам, ки бо чунин Сарвари давлат мо метавонем ба тамоми ҳадафҳое, ки дорем, ноил гардем.

АМИТ «Ховар»: Демократия маҷмӯи ҳаракатҳои иҷтимоию сиёсӣ барои дар амал татбиқ намудани мақсад ва идеалҳои демократӣ мебошад. Ҳаракатҳои мазкур аввалин маротиба дар куҷо ва бо кадом мақсад ба вуҷуд омадаанд?

Демократия 43Рустам Ҳайдаров: Сарчашмаи ҳамаи ин ҳаракатҳо аз Юнони қадим  ва Рими қадим маншаъ мегирад. Дар он ҷо аввалин файласуфҳо ҳаракат мекарданд, ки ихтилофоте, ки миёни шаҳриёр ва мардум буд, онро аз байн баранд ва давлатдории мукаммал ва идеяҳои гуногуни мардумсолориро пешниҳод кунанд. Аввалин ниҳодҳои намояндагии мардумӣ низ маҳз дар ҳамин ҷо ташкил ёфтанд. Барои ба идеали давлати демократӣ расидан давлатҳои Ғарб чандин ҷангу набардҳоро паси сар кардаанд ва ҳатто то аввалин Ҷанги бузурги ҷаҳонӣ (1914 -1918) дар бисёр кишварҳои сайёра шоҳигариҳо мавҷуд буданд, ки боиси зиёд шудани ихтилофот дар ҷомеа, пайдоиши ақида ва фикрҳои нав дар мавриди давлатдорӣ шуданд. Таърих гувоҳ аст, ки сохти кӯҳнаи давлатдорӣ дар бисёр манотиқи дунё натавонист ба талаботи мардум ҷавоб гӯяд ва дар охир инқилобҳо ба амал омаданд. Агар ба таърих рӯ оварем, мебинем, ки масалан дар Франсия вақте ки шоҳ Людовики XVI натавонист дигар ба талаботи ҷомеаи худ ҷавобгӯ бошад, дар он ҷо  Инқилоби бузурги Франсия (1789- 1799) рух дод ва пас аз ҷангу ошӯбҳои зиёд мардум рӯ ба сохти давлати демократӣ-республикавӣ оварданд, яъне аввалин ҷумҳурии Франсия ташаккул ёфт. Дар Германия низ  пас  аз он  ки Гитлер ба сари қудрат омад ва Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ (1941-1945) шурӯъ шуд, мардум шоҳиди он гаштанд, ки ин ҷанг  ва ҳокимияти фашистӣ чӣ харобиҳоро ба сари онҳо овард. Онҳо ба ақидае омаданд, ки бояд як давлати демократӣ, кишвареро, ки роҳбарияташ аз тарафи халқ интихоб ва идора карда шавад, бунёд намоянд.

Пешсафтарин давлати демократӣ, яъне ИМА ҳам  демократияро ба осонӣ ба даст наовардааст. Дар таърихи ин кишвар масалан замоне буд, ки дар байни ду ҳаракати сиёсӣ, ки яке барои сохти ғуломдорӣ ва дигаре барои барҳам додани сохти ғуломдорӣ (Ҷанги Шимол ва Ҷануб) мубориза мебурданд, низоъ сар зад. Дар натиҷаи ҳамин низоъ дар қонунгузории ИМА тағйирот ворид шуд, ки   он барои иштироки тамоми қишрҳои ҷомеа дар идоракунии давлат, новобаста аз мансубияти нажодӣ ё синфӣ, имконият фароҳам овард, то ба ин восита тавонанд дар рушди ин давлат саҳмгузор бошанд. Мардуми Аврупо баъди аз сар гузаронидани чандин ҷангҳои бузург  ва  пеш аз оне ки ба сатҳи идоракунии демократӣ бирасанд, ба чунин хулоса омаданд, ки танҳо шакли давлатдории демократӣ метавонад рушди комили ин ё он давлатро таъмин созад.

Дар Тоҷикистон  баъди ба даст овардани Истиқлолият мо ҳам зери таъсири омилҳои берунӣ гирифтори ҷанги шаҳрвандӣ гаштем ва ин боиси он шуд, ки мардум андеша намоянд, то дар оянда бояд чӣ кор кунанд. Дар натиҷа мо ба қароре омадем, ки роҳи демократияро интихоб намоем.

АМИТ «Ховар»: Тавре пештар гуфтем, дар шароити кунунӣ ва вазъи сиёсии ҷаҳони имрӯза мо шоҳиди он мегардем, ки кишвар ва ташкилотҳое ҳастанд, ки бо баҳонаи паҳн кардани демократия дар мамолики дуру наздик ҳадафҳои худро пиёда месозанд. Ин амали онҳо  боиси поймол гардидани қонуниятҳои демократӣ мегардад. Ин раванд ба назари шумо чиро дар пай дошта метавонад?

ДемкоратияРустам Ҳайдаров: Айни замон ҷомеаи ҷаҳонӣ дар як буҳрони шадиди геополитикӣ қарор дорад, яъне бархӯрди манфиатҳои гуногуни давлатҳои абарқудрат дар ин ё он минтақа дар ҳоли суратгирист. Ва минтақаҳои доғи имрӯза низ, пеш аз ҳама, Афғонистон, Сурия, Украина ва Кореяи Шимолӣ мебошанд. Ҳамаи ин кишварҳо дар минтақае ҷойгир шудаанд, ки дар онҳо манфиатҳои гуногуни абарқудратҳо ба ҳам хӯрдаанд ва ин падида ба манфиати ин давлатҳои хурд нест. Ҳангоми мубориза байни абарқудратҳои ҷаҳонӣ сиёсати хориҷии дугона амалӣ карда мешавад. Агар ин ё он давлати хурд бо ин ё он абарқудрат дӯст бошад, барои ин давлат як сиёсат мавҷуд аст. Агар ҳамин давлат айнан бо ҳамон мушкилӣ бо давлати абарқудрат ҳариф бошад, барои ин сиёсати дигаре мавҷуд аст, ки ин ба рушди демократия таъсири манфӣ мерасонад.

Агар масъалаи терроризмро бигирем, дар давлатҳои Ғарб шахсонеро, ки дар Сурия давлати худро ҳифз менамоянд, террорист меноманд ва нафаронеро, ки бар зидди Ҳукумати Сурия мубориза мебаранд, онҳоро озодихоҳ меноманд. Яъне, зимни муайян намудани мафҳуми терроризм як сиёсати дугона мавҷуд аст. Дар арсаи ҷаҳонӣ давлатҳои абарқудрат бо ин гуна рафтори худ нигоҳи неки мардумро ба арзишҳои демократӣ коста мегардонанд, ки ин хеле падидаи бад аст. Бисёр мушкил аст гуфтани он ки ин тарзи кор дар оянда ба чӣ оварда мерасонад. Зеро ба андешаи ман, манфиатҳои баъзе давлатҳои абарқудрат дар арсаи ҷаҳонӣ аз арзишҳои демократӣ дида, баландтар меистанд. Онҳо барои амалӣ сохтани манфиатҳои худ аз ягон рафтори ношоиста рӯ намегардонанд.

АМИТ «Ховар»: Устуворию самаранокии демократия аз чӣ вобаста аст? Ва нақши Тоҷикистонро ҳамчун давлати соҳибистиқлолу демократӣ дар арсаи сиёсати ҷаҳонӣ чӣ гуна мебинед?

Рустам Ҳайдаров: Дар ҷомеаи демократӣ шаҳрванд вазифа ва ҳуқуқҳои худро дорад. Вай метавонад аз ҳуқуқҳои худ ҳимоя намояд ва аз тарафи дигар, вай вазифадор аст, ки он чӣ дар Конститутсия пешбинӣ шудааст, онро риоя намояд, ки ин, пеш аз ҳама, саҳм гузоштан дар рушди давлати худ ва хиёнат накардан ба давлат аст. Ҳар як шаҳрванд агар дар кори худ вазифаи бар дӯшаш гузошташударо сидқан иҷро намояд, кишвари мо ҳамчун давлати мустақил ва демократӣ боз ҳам инкишоф меёбад.

Рушди демократия дар Тоҷикистон дар бештари мавридҳо қобили қабул аст, ки ин аз ҷониби ҷаҳониён эътироф гардидааст. Ахиран Тоҷикистон ба панҷгонаи кишварҳое шомил шуд, ки осонтарин низоми гирифтани раводид доранд. Ин нишони он аст, ки мо барои ҳамкорӣ бо  кишварҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ дар асоси сиёсати хориҷии дарҳои боз тайёр ҳастем  ва ҷонибдори онем, ки аз дигар давлатҳои  некхоҳ меҳмонон, соҳибкорон ва донишҷӯён ба Ватани мо ташриф оранд. Агар  масоили таъмини амниятро гирем, Ҷумҳурии Тоҷикистонро бехавфтарин кишвари Осиёи Марказӣ унвон кардаанд, ки он ҳам дар асоси ибтикорҳои  пайдарпайи  Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ва ғамхории ҳамарўзаи ў  дар ин самт таъмин гаштааст. Ва албатта, дар ин маврид бояд аз иштироки Тоҷикистон дар лоиҳаҳои гуногуни байналмилалӣ ёдрас шуд, хусусан дар масъалаи  мадад намудан дар ҷустуҷӯи роҳи мусолиҳаи миллӣ  дар кишвари ба мо дӯсту ҳамсарҳади Афғонистон. Мо ҷонибдори он ҳастем, ки масъалаи низои Афғонистон ба таври демократӣ ва боадолатона ҳал шавад, то амнияти минтақавӣ ва сулҳу субот ҳамчун кафили рушди иқтисодӣ ва иҷтимоӣ дар тамоми Осиёи Марказӣ таъмин гардад.

Демократия ин падидаи сиёсати дохилист. Вақте ки сиёсати дохилӣ хуб  амалӣ мешавад, он ба сиёсати хориҷӣ таъсири худро мерасонад. Мо тавонистем дар дохили ҷомеаи тоҷик ниҳодҳои зиёди демократиро барпо намоем, ки айни ҳол онҳо дар рушду инкишофанд.  Имрӯз мо метавонем бо такя ба онҳо, ки неруҳои  созанда  ва ҳамзамон демократии Тоҷикистон ҳастанд, озодона сиёсати хориҷии худро пеш барем. Сиёсати хориҷии мо бар он асос меёбад, ки мо сиёсати дарҳои бозро эълон кардаем ва ҷонибдори  равобити дӯстона бо тамоми кишварҳои ҳамсоя ва дуру наздик ҳастем. Саҳми Тоҷикистон дар вобастагӣ ба рушди демократия аз ин иборат аст, ки мо тавонистем  дар кишварамон ниҳодҳои зиёди демократиро дар асоси беҳтарин дастовардҳи демократияи ҷаҳонӣ ва  анъанаи мардумсолории миллатамон ташкил намоем.

Мактаби сулҳофаринии Тоҷикистон, ки  бунёдгузори он Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон мебошанд, ин як саҳми бузурги Тоҷикистон дар рушди демократия дар  арсаи ҷаҳон аст, ки аз он на танҳо наслҳои имрӯза, балки дар оянда дар мамолики гугогун ҳам сабақ хоҳанд гирифт.

 

Шаҳлои САДРИДДИН

 

 

Сентябрь 15, 2017 17:16

Хабарҳои дигари ин бахш

ЭҲЁИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Бо Пешвои миллати фарҳангдӯст ва ҳунарпарварамон ифтихор дорем
ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ДОНИШҶӮЁН. Ҷавонони тоҷик дар донишгоҳҳои бонуфузи ҷаҳон таҳсили намунавӣ менамоянд
ИМРӮЗ-РӮЗИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА. Имсол Иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон раёсати Шурои иттифоқҳои касабаи Осиёи Марказиро ба уҳда дорад
«ХОНАНДАИ БЕҲТАРИНИ АСАРҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ». Ҳадафи озмун аз густариши эҳтиром нисбат ба арзишҳо, суннат ва адабу русуми миллӣ иборат аст
Валид ибни Абдураҳмон ар-Решайдон: «Робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ густаришу равнақи бештар меёбанд»
Зебо Баротова: «Мехоҳам бо маблағи гранти президентӣ ба занони бешуғл ҳунар омӯзонаму онҳоро ба кор ҷалб намоям»
ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ СУЛҲ. Таҷрибаи сулҳи тоҷикон дар ҷаҳони муосир мавриди омӯзиши васеъ қарор дорад
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Агар волидон то 3 моҳ барои кӯдак шаҳодатномаи таваллуд нагиранд, ҷарима пардохт менамоянд
Сафири Амрико дар Тоҷикистон Мануэл Микаллер: «Давоми панҷ соли охир Тоҷикистон дар роҳи рушди иҷтимоиву иқтисодӣ устуворӣ ва азми пойдор нишон дод»
Хуршед Файзуллозода: «Ҳадафи Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ вусъат бахшидани раванди амалӣ намудани «ҳукумати электронӣ» аст»
Мавзуна Чориева: «Аз варзишгарони тоҷик умеди зиёд дорем, ки дар Бозиҳои олимпии Париж-2024 ба дастовардҳои назаррас ноил мегарданд»
ТОҶИКИСТОНУ ЧИН ШАРИКОНИ ҲАМАҶОНИБАИ СТРАТЕГӢ МЕБОШАНД. Нашри мусоҳибаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ВАО-и расмии Чин