Мулоқоти Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарони кишварҳои иштирокчии Муколамаи кишварҳои рушдёбанда ва давлатҳои аъзои БРИКС

Сентябрь 5, 2017 15:51

ДУШАНБЕ, 05.09.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи Муколамаи кишварҳои рушдёбанда ва давлатҳои аъзои БРИКС Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин бо Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин, Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин, Президенти Ҷумҳурии Арабии Миср Абдулфаттоҳ Ас-Сиси, Президенти Бразилия Мишел Темер, Сарвазири Ҷумҳурии Ҳиндустон Нарендра Модӣ, Президенти Штатҳои Муттаҳидаи Мексика Энрике Пеня Нето, Президенти Гвинея Алфа Конде, Президенти Ҷумҳурии Африкаи Ҷанубӣ Ҷейкоб Зума, Сарвазири Шоҳигарии Таиланд Прают Чан-Оча доир ба рушди минбаъдаи ҳамкориҳои дуҷониба мулоқотҳои самимию дӯстона анҷом доданд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ин мулоқотҳои судманд бо сарони кишварҳои номбурда тавсеаи ҳамкорӣ дар соҳаҳои сиёсӣ, бахшҳои мухталифи иқтисодӣ, тиҷоратӣ, фарҳангию гуманитарӣ, илму маориф, саноат, кишоварзӣ, сайёҳӣ, инчунин дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳро баррасӣ карданд.

Мулоқот бо роҳбарони кишварҳои иштирокчии Муколамаи кишварҳои рушдёбанда ва давлатҳои аъзои БРИКС 05.09.2017

Сентябрь 5, 2017 15:51

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАШАББУСҲОИ МОНДАГОРИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ШИНОХТ ВА МУАРРИФИИ ТАЪРИХУ ТАМАДДУНИ ОРИЁӢ
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз як гурӯҳ сафирони навтаъйини давлатҳои хориҷӣ эътимоднома қабул намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Сотсиалистии Вйетнам То Лам барқияи табрикӣ ирсол намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Дабири кулли СААД Таалатбек Масадиқовро ба ҳузур пазируфтанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо рафти корҳои сохтмонӣ дар бинои Театри миллӣ шинос шуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон доир ба рафти омодагиҳо ба таҷлили ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон машварати корӣ доир намуданд
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара ба таври фосилавӣ як қатор иншооти иҷтимоиро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара кони ангишти №8-и Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Ангишт»-ро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара бо лоиҳаи азхудкунии заминҳои бекорхобида, пойгоҳи обкашӣ, сардхона, коргоҳи бастубанди мева ва хоҷагии чорводорӣ ба таври фосилавӣ шинос шуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба шаҳри Исфара ташриф оварданд
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинӣ бахшида ба таҷлили Наврӯзи байналмилалӣ дар ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд