Ноиби Губернатори Санкт-Петербург Анна Митянина ба Душанбе омад
ДУШАНБЕ, 25.09.2017 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар пойтахт мулоқоти ҳайати фарҳангӣ – соҳибкории Санкт-Петербург бо роҳбарияти шаҳри Душанбе ва намояндагони дигар сохторҳои марбутаи кишвар баргузор мегардад.
Тавре аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, бо ин мақсад субҳи имрӯз ноиби Губернатори Санкт-Петербург Анна Митянина бо ҳайати бонуфузи соҳибкорон ва аҳли фарҳанг ба пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон – шаҳри Душанбе омад.
Дар назар аст, ки баъди мулоқоти ноиби Губернатори Санкт-Петербург бо роҳбарияти шаҳри Душанбе нимаи дуюми имрӯз бо иштироки масъулини шаҳри Душанбе ва ин ҳайат дар Муассисаи давлатии «Душанбе – Плаза» маросими ботантанаи ифтитоҳи вохӯрии фарҳангӣ-соҳибкории ҳайати Санкт-Петербург таҳти унвони «Рӯнамоии иқтидори иқтисодӣ ва омӯзишии Санкт-Петербург» баргузор мегардад.
Дар доираи ин сафар баргузории барномаҳои фарҳангӣ ва мулоқоту суҳбатҳои барои ҳарду ҷониб судманд пешбинӣ шудааст.
Ёдовар мешавем, ки сафари ин ҳайати баландпоя дар шаҳри Душанбе то 27 сентябр идома меёбад.








«ЗЕБИ ЧАКАНУ АТЛАС, ЗЕБОСАНАМИ ТОҶИК». Бо мақсади муаррифии либоси миллӣ дар пойтахт иқдом амалӣ мешавад
Дар Душанбе рӯзҳои фарҳанги вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои кишвар баргузор мегарданд
РӮЗИ ДАЪВАТШАВАНДА. Дар Душанбе бахшида ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш доир шуд
«DUSHANBE NAVRUZ FEST». Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор мешавад
Соли 2025 дар Душанбе 63 корхонаю коргоҳи истеҳсолӣ таъсис дода шуд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе 48 маркази касбомӯзӣ фаъолият менамояд
Имрӯз дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии Душанбе барномаҳои рангини фарҳангӣ баргузор мешаванд
Субҳи имрӯз «Корвони наврӯзӣ» ба сокинону меҳмонони пойтахт навиди фарорасии баҳорро расонид
Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» баргузор мегардад
Наврӯз ҳамчун бренди миллӣ ва абзори «дипломатияи фарҳангӣ»: натиҷаҳо ва дурнамои Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ»
МУЖДАИ ФАРОРАСИИ БАҲОР. Онро корвони наврӯзӣ тавассути чор дарвозаи пойтахт ба сокинон мерасонад
Имрӯз иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум доир шуд






