«Падидаҳои номатлубро маҳкум менамоем!» — ҷаласаи корӣ дар Гулистон
ХУҶАНД, 15.09.2017 /АМИТ «Ховар»/. «Падидаҳои номатлубро маҳкум менамоем!»- таҳти чунин унвон дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ҷаласаи корӣ доир ба пешгирӣ намудани ҳодисаҳои номатлуб доир гардид.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон иттилоъ доданд, дар ҷаласа сардори шуъбаи Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии вилояти Суғд дар шаҳри Гулистон Хаёл Ҳакимов, прокурори шаҳр Абдулло Абдуллозода, сардори ШВКД-и шаҳр Хуршед Мирзозода ва раиси суди шаҳр Наргис Ёдгорзода ширкат доштанд.
Зикр шуд, ки падидаҳои номатлуб, аз ҷумла, терроризми байналмилалӣ ва бахусус шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои дорои хусусияти экстремистӣ ҳамчун вабои аср имрӯз аҳли сайёраро ба ташвиш андохтаанд ва барои ҷомеаи башарӣ таҳдидҳои наву сангин эҷод менамоянд. Аз ин лиҳоз, баҳри пешгирии ин амалҳои номатлуб сокинони кишвар, аҳли ҷамоат ва фаъолони шаҳрро зарур аст, ки аз тамоми воситаву имконоти мавҷуда истифода бурда, нагузоранд, ки наврасону ҷавонони мо фирефтаи баъзе гурӯҳҳову ақидаҳои носолим гарданд.
Ҳоло дар самти дастгирии ҷавонон аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон санадҳои муҳими давлатӣ қабул гардидаанд, ки самтҳои фаъолияти ҷавононро дар шароити муносибатҳои нави сиёсиву иҷтимоӣ муайян мекунанд.
Иштирокдорони ҷаласа бори дигар ин падидаи номатлубро ба ҷомеаи ҷаҳонӣ, аз ҷумла тоҷикистониён бегонаву хатарнок арзёбӣ намуда, онро маҳкум намуданд.








Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад






