«Падидаҳои номатлубро маҳкум менамоем!» — ҷаласаи корӣ дар Гулистон

Сентябрь 15, 2017 12:18

ХУҶАНД, 15.09.2017 /АМИТ «Ховар»/. «Падидаҳои номатлубро маҳкум менамоем!»- таҳти чунин унвон дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ҷаласаи корӣ доир ба пешгирӣ намудани ҳодисаҳои номатлуб доир гардид.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон иттилоъ доданд, дар  ҷаласа сардори шуъбаи Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии вилояти Суғд дар шаҳри Гулистон Хаёл Ҳакимов, прокурори шаҳр Абдулло Абдуллозода, сардори ШВКД-и шаҳр Хуршед Мирзозода ва раиси суди шаҳр Наргис Ёдгорзода ширкат доштанд.

Зикр шуд, ки падидаҳои номатлуб, аз ҷумла, терроризми байналмилалӣ ва бахусус шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои дорои хусусияти экстремистӣ ҳамчун вабои аср имрӯз аҳли сайёраро ба ташвиш андохтаанд ва барои ҷомеаи башарӣ таҳдидҳои наву сангин эҷод менамоянд. Аз ин лиҳоз, баҳри пешгирии ин амалҳои номатлуб  сокинони кишвар, аҳли ҷамоат ва фаъолони шаҳрро зарур аст, ки аз тамоми воситаву имконоти мавҷуда истифода бурда, нагузоранд, ки наврасону ҷавонони мо фирефтаи баъзе гурӯҳҳову ақидаҳои носолим гарданд.

Ҳоло дар самти дастгирии ҷавонон аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон санадҳои муҳими давлатӣ қабул гардидаанд, ки самтҳои фаъолияти ҷавононро дар шароити муносибатҳои нави сиёсиву иҷтимоӣ муайян мекунанд.

Иштирокдорони ҷаласа бори дигар ин падидаи номатлубро ба ҷомеаи ҷаҳонӣ, аз  ҷумла тоҷикистониён бегонаву хатарнок арзёбӣ намуда, онро маҳкум намуданд.

Сентябрь 15, 2017 12:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад