Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон: «Мо омодаем ҳамкориро бо ҳамаи давлатҳо ва сохторҳои бисёрҷанбаи ҳамгироии байналмилалӣ дар таъмини рушди устувор таҳким бахшем»

Сентябрь 6, 2017 09:15

ДУШАНБЕ, 06.09.2017 /АМИТ «Ховар»/. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дирӯз дар Муколамаи кишварҳои рушдёбанда ва давлатҳои аъзои БРИКС дар ҳошияи Ҳамоиши БРИКС, ки дар шаҳри Сямени Ҷумҳурии Мардумии Чин баргузор гардид, суханронӣ намуда, оид ба омилҳои беҳтар намудани сатҳи некӯаҳволии мардумон чунин зикр карданд: «Қисмати дигари муҳими стратегияи баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардумонамон низоми нақлиётии устуворамалкунандаи миллӣ ва минтақавӣ мебошад. Набудани дастрасӣ ба баҳр ҳамгироии самараноки иқтисодии кишварҳои рушдкунандаро ба низоми бисёрҷонибаи тиҷорат мушкил мекунад ва ба дигар ҷанбаҳои рушди устувор таъсири манфӣ мерасонад. Дар ин росто, мо ба дастгирӣ ва ҳавасмандии кӯшишҳои ин гурӯҳ кишварҳо дар ташкили низоми муносиби нақлиётию транзитӣ умед дорем».

Пешвои миллат дар мавриди татбиқ кардани лоиҳаҳои энергетикӣ ва дастгирии ташаббуси «Як камарбанд, як роҳ» чунин изҳор карданд: «Айни ҳол, мо – якҷоя бо шарикони байналмилалӣ – дар татбиқи як зумра лоиҳаҳои энергетикӣ ва инфрасохтории дорои аҳамияти минтақавӣ кор карда истодаем.

Мо ҳамеша ҳама гуна ташаббусҳои созандаро, ки ба рушди ҳамкории минтақавии иқтисодиву тиҷоратӣ дар асоси манфиатҳои ҳамдигарӣ равона шудаанд, дастгирӣ мекардем ва дастгирӣ менамоем.

Дар робита ба ин, мо ба ташаббуси Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин ҷаноби Си Ҷинпин — «Як камарбанд, як роҳ», ки ба ҳалли ҳадафҳои стратегӣ – таҳия ва татбиқи муштараки барномаҳои таъмини рушди устувори иқтисоди мо равона шудааст, баҳои баланд медиҳем.

Тадриҷан ба ҳаёт татбиқ намудани ин ташаббус метавонад дар рушди ҳамкорӣ дар шакли “Ҷануб-Ҷануб” ва дар доираи Рӯзномаи 2030 омили муҳим гардад ва мо онро ба манфиати пешбурди раванди идоракунии иқтисоди ҷаҳонӣ дастгирӣ мекунем.

Мо омодаем, ки ҳамкориро бо ҳамаи давлатҳо ва сохторҳои бисёрҷанбаи ҳамгироии байналмилалӣ дар таъмини рушди устувор таҳким бахшем.

Истифодаи васеи имкониятҳои чунин майдонҳои боэътимоди шарикӣ, чун СҲШ ва БРИКС, дар ин масъала комилан муҳим ва асоснок ҳисобида мешавад», — иброз доштанд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Сентябрь 6, 2017 09:15

Хабарҳои дигари ин бахш

«МАКТАБИ МОДАРОН». Дар Ёвон духтарон таҷриба омӯхта, ба ҳаёти мустақилона омода мешаванд
22 январ дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво паст шуда, бориши барф пешгӯӣ мешавад
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ, СУБОТИ СИЁСӢ ВА АМНИЯТИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОНРО ҲИФЗ БОЯД КАРД. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
16 бинои муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва 4 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ таъмир гардид
Интернети бештар ва рақами қиматбаҳо: фоидаи тарофаҳои пешпардохтӣ дар чист?
Оид ба таъмини рушди устувори соҳаи кишоварзӣ дар шароити тағйирёбии иқлим машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Дар Бадахшон беш аз 300 нафар ҳунарманд фаъолият мекунад
Дар Искандаркӯл ба бунёди меҳмонхона ва иншооти муосири сайёҳӣ санги асос гузошта шуд
Азхуд намудани донишҳои замонавӣ беҳтарин роҳ бар зидди ҷаҳолату хурофот аст. Мулоҳизаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон барф меборад