Президенти мамлакат дар ноҳияи Дарвоз аз бетафовутии масъулони бахши маориф ва норасоии кадрҳои омӯзгорӣ аз фанҳои дақиқ изҳори нигаронӣ карданд
ДУШАНБЕ, 14.09.2017 /АМИТ «Ховар»/. Соли гузашта дар деҳоти зебоманзари Сағирдашт аз ҷониби соҳибкорони ватандӯст варзишгоҳи муосир ва корхонаи дӯзандагӣ ба фаъолият оғоз намуд, ки имрӯз танҳо дар корхонаи дӯзандагӣ 50 нафар занону бонувони маҳаллӣ, ки қаблан аксарияти онҳо хонашин буданд, ба кори доимӣ фаро гирифта шуданд. Ин нуктаро Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқот бо роҳбарону фаъолон ва сокинону ноҳияи Дарвоз баён доштанд.
Тавре Сарвари давлат таъкид карданд, ин иқдому ҳиммати ободкоронаи соҳибкорони маҳаллӣ, бешубҳа, қобили таҳсин мебошад, зеро корхонаи дӯзандагӣ ва варзишгоҳ ба таври ройгон ба тавозуни деҳоти Сағирдашт супорида шудаанд. Илова бар ин, тӯли чанд сол аст, ки дар бинои навбунёди Кохи бонувони ноҳия шумораи зиёди занҳо, бахусус, ҷавондухтарон ба дӯхти либосҳои миллӣ ва мактабиву корӣ машғул мебошанд. Ҳоло занону бонувони дигар ноҳияҳои вилоят имконият доранд, ки ҷиҳати омӯхтани касбу ҳунар бо ин марказ ҳамкорӣ намоянд.
Президенти мамлакат аз бетафовутии масъулон изҳори нигаронӣ карда, гуфтанд, ки то ҳол бинобар бетафовутии масъулон баъзе корҳои дар соҳаи маориф ба нақша гирифташуда, аз ҷумла сохтмони бинои маъмурии шуъбаи маорифи ноҳия, биноҳои иловагии таълимӣ дар мактабҳои деҳоти Паткуноб ва Камчак ба муддатҳои тӯлонӣ ба таъхир гузошта шудаанд. Ҳамчунин дар мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳия норасоии кадрҳои омӯзгорӣ аз фанҳои риёзӣ, химия, информатика, физика ва забони англисӣ ба мушоҳида мерасад.
Сарвари давлат вазоратҳои маориф ва илм, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва ноҳияро вазифадор карданд, ки ҷиҳати бунёду навсозии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва таъминоти онҳо бо кадрҳои омӯзгорӣ тадбирҳои ҷиддӣ андешанд.








Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе






