Президенти Тоҷикистон таҳкими ваҳдати миллӣ ва ҳифзи фазои орому осоиштаро аз ҳама арзишҳои дигар муқаддамтар шумориданд
ДУШАНБЕ, 8.09.2017 /АМИТ «Ховар»/. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёми табрикотии худ ба муносибати 26-умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ нақши созандаи Иҷлосияи таърихии 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва саҳми ҳар як сокини ватани маҳбубамонро дар роҳи берун кашидани кишвар аз гирдоби даргириҳои сиёсӣ ва расидан ба ваҳдати миллӣ таъкид намуда, маҳз ҷаҳду талош ва муттаҳид гардидани сокинони мамлакат дар атрофи роҳбарияти давлату Ҳукумат ва дастгириву ҷонибдории онҳоро аз сиёсати пешгирифтаи давлат омили асосии расидан ба сулҳу ягонагӣ дар ҷомеаи мо арзёбӣ намуданд.
«Ба ҳар як сокини мамлакат, ба ҳар нафаре, ки барои эъмори ҷомеаи муосири кишвар саҳм мегузорад, дар пешрафти давлати соҳибистиқлол нақш дорад, аз марзу буми он дифоъ менамояд ва парчами онро дар арсаи байналмилалӣ парафшон месозад, аз самими қалб арзи сипос менамоям», -омадааст дар паём.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон неруи бузурги мардуми кишварро, пеш аз ҳама, дар ягонагӣ ва ваҳдати шаҳрвандони он изҳор карда, таҳкими ваҳдати миллӣ ва ҳифзи фазои орому осоиштаро барои зиндагиву фаъолияти шаҳрвандонамон аз ҳама арзишҳои дигар муқаддамтар шумориданд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






