Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Эътиборномаи Сафири Тоҷикистонро қабул намуд
ДУШАНБЕ, 14.09.2017 /АМИТ «Ховар»/. Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон Рустам Солӣ 12 сентябр ба Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев Эътиборнома супорид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Пас аз маросими супоридани Эътиборнома мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон бо Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид, ки зимни он Сафири кишвари мо ба Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон дуруду паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмонро расонида, таъкид намуд, ки Сарвари давлати мо ба кишвар ва мардуми Ҷумҳурии Озарбойҷон сулҳу оромӣ, рушду пешрафт ва рафоҳу шукуфоиро орзу карда, хостори густариши ҳарчи бештари муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкорӣ байни ду кишвар мебошад.
Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон зимни арзи дуруд ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба кишвар ва мардуми мо сулҳ ва пешрафт орзу карда, изҳори умедворӣ намуд, ки густариши муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Озарбойҷон дар заминаҳои гуногун идома хоҳад ёфт.








Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе






