Раёсати Шӯрои байнидавлатии ИДМ оид ба бехатарии саноатӣ ба уҳдаи Ҷумҳурии Тоҷикистон гузошта шуд
ДУШАНБЕ, 15.09.2017 /АМИТ «Ховар»/. 14 сентябр дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд ҷаласаи 15-уми байнидавлатии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил оид ба бехатарии саноатӣ баргузор гардид.
Тавре ба АМИТ «Ховар» мудири бахши умумии Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кўҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Меҳрафзун Давлатзода хабар дод, дар ҷаласа муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим, Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ ва намояндагони кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил иштирок намуданд. Муовини Сарвазири ҷумҳурӣ Азим Иброҳим нахуст аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон меҳмононро ба Тоҷикистон хайрамакдам гуфта, изҳор дошт, ки дар замони соҳибистиқлолӣ дар Тоҷикистон соҳаҳои хоҷагии халқ рушд намуда, барои ноил гардидан ба дастовардҳои бештар шароиту имкониятҳои зиёд фароҳам оварда шуд. Дар ин росто ӯ аз бунёди як қатор иншооти муҳим дар соҳаи энергетика, саноат, соҳаи кӯҳкорӣ, нақбу роҳҳои мошингард, ки бевосита бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ гардиданд, ёдовар шуд.
Ба иттилои манбаъ, дар ҷаласа масъалаҳои марбут ба соҳаи бехатарии саноатӣ баррасӣ гардида, аз ҷониби аъзо такмили қонунгузории соҳаи бехатарии саноатии кишварҳои узви Шўро пешниҳод гардид.
Бояд зикр намуд, ки тӯли як сол Раёсати Шӯрои байнидавлатии ИДМ оид ба бехатарии саноатиро Ҷумҳурии Қирғизистон ба уҳда дошт. Дар ҷаласаи 15-ум бо қарори аъзои Шӯро Раёсати Шӯрои байнидавлатии ИДМ оид ба бехатарии саноатӣ ба уҳдаи Ҷумҳурии Тоҷикистон гузошта шуд.
Ҳамчунин дар кори ҷаласа Ёддошти тафоҳум миёни Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кўҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти федералӣ, экологӣ-технологии Федератсияи Россия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи танзими бехатарии саноатӣ ба имзо расонида шуд. Санади мазкур имконият медиҳад, ки мутахассисони ҳарду ниҳоди давлатӣ миёни ҳам табодули таҷриба намуда, масъалаҳои марбут ба соҳаро мунтазам баррасӣ намоянд.
Баъди ҷаласа намояндагони кишварҳои ИДМ аз мавзеъҳои таърихии шаҳри Хуҷанд боздид ба амал оварданд.













Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад






