Сарвари давлат ҷавонони Бадахшонро ба ватандӯстӣ ва ободонии Тоҷикистон ҳидоят карданд
ДУШАНБЕ, 14.09.2017 /АМИТ «Ховар»/. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқот бо сокинони ноҳияи Дарвоз ва фаъолони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҷавонони ин минтақаи баландкӯҳи Тоҷикистонро ба содиқона дӯст доштани Ватан ва саҳми шоиста гузоштан дар ободонию шукуфоии кишварамон ҳидоят намуданд.
Президенти кишвар бо дахли авзои сиёсии ҷаҳон таъкид карданд, ки «ҳамаи мо ҳар рӯз аз воситаҳои ахбори омма доир ба амалҳои тахрибкоронаи гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ дар гӯшаҳои гуногуни минтақа ва ҷаҳон хабардор мешавем. Дар натиҷаи аъмоли нангини чунин ҳаракату гурӯҳҳо зиндагии осоиштаи мардуми як қатор давлатҳо халалдор гардида, ҳазорон нафар мардуми бегуноҳ ба ҳалокат мерасанд, шаҳру деҳоти обод ба харобазор табдил ёфта, миллионҳо нафар одамон ба тарки ватан маҷбур мегарданд. Дар робита ба ин, ба шумо, ҷавонони ватандӯсти ноҳияи Дарвоз таъкид менамоям, ки дар кору зиндагӣ ҳамеша бо насиҳату маслиҳати падарону модарон ва зиёиёну устодони худ амал кунед, ватандӯсту ватанпараст бошед ва бо шукронаи сулҳу суботи комили кишвар барои анҷом додани иқдому ташаббусҳои созанда, ободии диёри худ ва Ватани маҳбубамон саъю талош намоед».
Дар идомаи суханронӣ Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки меҳри Ватан дар қалби ҳар як шахси меҳанпараст бояд нақши абадӣ дошта бошад ва агар мо онро содиқона дӯст дорем, ҷиҳати ободонии он аҳлона заҳмат кашем ва барои пешрафташ хизмат кунем, мамлакатамон боз ҳам обод, давлатамон тараққикарда ва мушкилоти зиндагии мардумамон дар ояндаи наздик бартараф мегардад.








Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе






