Шумораи медалҳои варзишгарони тоҷик дар 5-умин Бозиҳои Осиё дар Ашқобод ба 14 адад расид

Сентябрь 20, 2017 09:13

ДУШАНБЕ, 20.09.2017. /АМИТ «Ховар»/. Варзишгарони тоҷик дар рӯзи чоруми 5-умин Бозиҳои Осиё дар иншооти пӯшида ва ҳунарҳои размӣ  оид ба намудҳои варзиши сабук, муай тай, гӯштини камарбандӣ, ҷиу-ҷитсу ва таэквондо сабқат карда, соҳиби се медали биринҷӣ гардиданд. Дар ин бора аз Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Ҳар се медалро варзишгарони аз намуди гӯштини камарбандӣ (тарзи озод) ба даст оварданд: Оятулло Хоҷаев дар вазни -55 кг, Ибодулло Алибердизода дар вазни -60 кг ва Эркинбек Абдунабиев дар вазни -65 кг бар ҳарифонашон ғолиб омаданд.

Бояд зикр кард, ки  варзишгардухтари  маъруфи тоҷикистонӣ Кристина Пронженко, ки аз намуди варзиши сабук- давидан ба масофаи 400 метр ба финал баромада буд, сазовори ҷои шашум шуд.

Дар намуди таэквондо WTF варзишгардухтари дигари  тоҷик Моҳру Ҳалимова дар вазни -73 кг миёни бонувон аз варзишгари Ҷумҳурии Корея Мина Мйонг, ки медали тиллои бозиҳоро сазовор шуд, мағлуб гашт.

Давлатмурод Каримов дар вазни -63 кг миёни мардон дар ду ҳарб бар варзишгарони Непал (Баҳодур Маҳара) ва Қазоқистон (Қозибек Бахтиёрулу) пирӯз шуда, дар даври ҳаштякфинал аз варзишгари Ветнам Ван Дуй Нгуйен шикаст хӯрд.

Ёдовар мешавем, ки  Ҷумҳурии Тоҷикистон дар чор рӯз сазовори 14 медал- 1 медали нуқра ва 13 биринҷӣ гардида, миёни 65 дастаи иштирокчӣ дар мақоми 22 қарор дорад.

Туркманистон бо 89 медал (43 тилло, 28 нуқра ва 18 биринҷӣ дар ҷои аввал аст. Ҷумҳурии Исломии Эрон, ки 26 медал (7 тилло, 4 нуқра, 15 биринҷӣ) дорад, дар ҷои дуюм мебошад. Қазоқистон бо 22 медал (6 тилло, 6 нуқра ва 10 биринҷӣ) дар мақоми сеюм қарор дорад.

Умуман то имрӯз варзишгарони 26 давлат соҳиби медал гардидаанд.

Сентябрь 20, 2017 09:13

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд