Таҳкими ҳамкорӣ миёни Тоҷикистону Корея дар самти ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон
ДУШАНБЕ, 01.09.2017 /АМИТ «Ховар»/. Сардори Раёсати ҳамкории байналмилалии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зумрад Абдуллозода бо Кордори Сафорати Ҷумҳурии Корея дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ли Вучёл вохӯрӣ доир намуд.
Тавре аз Вазорати корҳои дохилӣ хабар доданд, зимни вохӯрӣ масъалаҳои ҳамкории дуҷониба мавриди баррасӣ қарор гирифта, зикр гардид, ки мақомоти корҳои дохилӣ дар самти ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон бо созмону ташкилотҳои байналмилалӣ дар заминаи санадҳои байналмилалие, ки аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф гардидаанд, ҳамкории судманд ба роҳ мондааст.
Кордори Сафорати Ҷумҳурии Корея дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ли Вучёл изҳор кард, ки шаҳрвандони Ҷумҳурии Корея ба соҳаи сайёҳӣ таваҷҷуҳи хоса дошта, аз Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дорои мавзеъҳои зебою нотакрор ва кӯҳҳои осмонбӯсу табиати дилпазир мебошад, пайваста боздид менамоянд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
ФАРДОИ ТОҶИКИСТОН ИМРӮЗ ДАР МАКТАБ АСТ. Андешаҳо дар ҳошияи суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Рӯзи дониш
DEEPFAKE ҲАМЧУН ТАҲДИДИ НАВИ АМНИЯТИ ИТТИЛООТӢ. Назари мутахассис дар ин мавзуъ
«МЕГАФОН ТОҶИКИСТОН»: Ду роҳи ҳал барои истифодабарандагони интернет
АМНИЯТИ ЗЕҲНИ СУНЪӢ ВА ДУРНАМОИ РУШДИ ОН ДАР ТОҶИКИСТОН. Мутахассис ин мавзуъро шарҳ медиҳад
Дар хоҷагиҳои шаҳри Ҳисор ҷамъоварии ҳосили пахта оғоз гардид






